«Тоҷикагролизинг» барои ҷамъоварии шолӣ 10 комбайни навъи «Класс-Тигер» ворид кард

Сентябрь 27, 2017 11:35

ДУШАНБЕ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» аввалин маротиба барои шоликорони ҷумҳурӣ аз Германия 10 адад комбайнҳои тасмачарх ва чархдори шолидарави навъи «KLAAS-Tiger» ворид намуд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори КВДҶ Юсуф Акрамзода иброз намуд, «ин комбайнҳо мушаххасоти баланди техникӣ дошта, муосиртарин техникаи асри 21 маҳсуб меёбанд. Онҳо дар асоси дархости хоҷагиҳои шолипарвари вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд».

Юсуф Акрамзода (5)Юсуф Акрамзода мегӯяд, ки муҳаррики ин комбайнҳо дорои 76 қувваи асп буда, арзи досашон 3,2 метр ва ғунҷоиши бордони ғалла 1,7 тонна мебошад. ««KLAAS-Tiger» дар заминҳои намнокиашон баланд ба осонӣ кор карда, масрафи хеле ками сӯзишворӣ дорад»,-гуфт ҳамсуҳбат.

Дар айни замон ду адад комбайни шолидарав ба хоҷагиҳои деҳқонии Регар ҷудо гардид. Деҳқонони минтақа иброз медоранд, ки то ин дам онҳо моҳҳо шолиро дастӣ дарав намуда, чанд нафарро ҳамчун коргари кироя барои дарави шолӣ ҷалб менамуданд. «Тоҷикагролизинг» ният дорад, ки ба хоҷагиҳои шолипарвари минтақа тибқи дархосташон боз чанд адади дигар чунин  комбайнҳоро  ҷудо намояд.

Тавре мутахассисон иброз медоранд, бартарии комбайнҳои мазкур аз он иборат аст, ки онҳо дар ҳама гуна заминҳо, махсусан заминҳои ботлоқӣ ва рутубаташон зиёд бемамониат кор мекунанд. Хусусияти дигари ин комбайнҳо он аст, ки хурдҳаҷм буда, дар заминҳои ноҳамвор низ ҳосилро ба осонӣ ҷамъоварӣ менамоянд.

Бино ба маълумоти директори «Тоҷикагролизинг», корхона дар дар назди худ вазифа гузоштааст, ки дар ояндаи наздик тракторҳои гуногунтамғаи тасмачарху чархдор, таҷҳизоти пиёзшинонӣ, пиёзканӣ, картошкашинонаку картошкаканак, инчунин тамоми намудҳои тухмипошакҳои зироати ғалладонагӣ, решаканак ва мошинҳои сарчинро ба корхонаҳои истеҳсолкунанда фармоиш дода, ба кишвар ворид намояд.

«Яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани ҷумҳурӣ мебошад. Бо ин мақсад корхона вазифадор гардидааст, ки дар заминаи механиконидани соҳаи кишоварзӣ фаъолиятро ҷоннок намуда, марҳила ба марҳила роҳҳои ҳалли масъалаи мазкурро ҷустуҷӯ намояд»,-афзуд директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода.

Комбайн3 Комбайн

 

 

Сентябрь 27, 2017 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд