Варзишгарони тоҷик аз Кореяи Ҷанубӣ бо 4 медал баргаштанд

Сентябрь 5, 2017 10:24

ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқа барои “Ҷоми раиси  Федератсияи байналмилалии самбо”,  ки аз 2 то 3 сентябр дар шаҳри Донҳэи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ ва самбои варзишӣ чаҳор медал — як тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин бора  сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар медиҳад. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бо ибтикори Федератсияи самбои Кореяи Ҷанубӣ ва дастгирии Федератсияи байналмилалии самбо бори сеюм барпо гардид, Тоҷикистонро се варзишгар – Разавӣ Навбаҳоров, Шаҳром Шералов ва Алиҷон Ҳусайнов намояндагӣ карданд.

Разавӣ Навбаҳоров соҳиби ду медал – як тилло ва як биринҷӣ гардид. Ӯ дар сабқати самбои размӣ дар вазни -57 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ бар варзишгари  муғул Баяарсайхан Мунхбатар дастболо шуд ва бо медали тилло сарфароз гашт. Медали дуюмро, ки биринҷӣ аст, Навбаҳоров дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 57 кило ба даст овард.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Шаҳром Шералов дар сабқати самбои размӣ дар вазни -68 кило баъди пирӯзӣ бар рақибаш Ҷинсук Ҷунги кореягӣ ба финал баромад, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз паҳлавони россиягӣ Николай Ковтун мағлуб шуд ва сазовори медали нуқра шуд.

Алиҷон Ҳусайнов низ дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ дар вазни -68 кило ширкат кард ва медали биринҷӣ ба даст овард. Инчунин ӯ дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни -74 кило мақоми панҷумро касб намуд.

Дар мусобиқаи мазкур беш аз 120 варзишгар аз Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Руминия, Россия, Тайван, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Ҷопон иштирок дошт.

Ба ғолибон ва онҳое, ки ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб шуданд, ба ҷуз медалу диплом, ҷоизаи молӣ ба маблағи 500 доллар (ҷойи аввал), 300 доллар (ҷойи дуюм) ва 100 доллар (ҷойи сеюм) супурда шуд.

Сентябрь 5, 2017 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд