ЗИНДА БОШ ВА ДАР ЁД ДОР! Мулоҳизаҳои нависанда Мансур Сайфиддин (Сурӯш) дар бораи сабабу оқибатҳои кирдорҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 19.09.2017./АМИТ “Ховар”/. Шоми 8-уми августи соли равон мардуми кишвари мо имкон ёфтанд, ки аз тариқи шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” гузориши Вазорати корҳои дохилиро дар бораи фаъолияти гурўҳи ҷиноятпеша бо роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиа А. Назаров мутахаллис ба Ҳоҷӣ Ҳалим бубинанд. Ин барнома мисли таркиш буд дар афкори ҷомеа, аммо таркише, ки одамонро на ин ки ба изтироб наовард, балки хотири мардумро ҳатто ҷамъ кард. Ҳамагон ба волоияти қонун дар мамлакат, ба он ки ҳама гуна ҷиноят, ҳар қадар пардапўшона ва дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда амалӣ гашта бошад ҳам, дер ё зуд ошкор мешаваду ҷинояткорони нобакор ҷазои сазовор мегиранд, итминони комил ҳосил карданд. Ҳамзамон гузориши ВКД ҳушдор буд, ҳушдор аз он, ки дар сурати халалдор шудани сулҳу субот афроди бадкирдору хоин метавонанд ба даст яроқ гирифта, ҷиноятҳои вазнин содир намоянд, хуни ноҳақ резанд.
Гурўҳи ҷинояткори Ҳоҷӣ Ҳалим аз талотуми ҷанги шаҳрвандӣ, ки худ аз саркардагони он буд, истифода бурда, даҳҳо фарзандони фарзонаи миллатро ноҷавонмардона ба қатл расонид. Гузориши ВКД ба ман ҳам сахт асар кард, гузашта аз ин дар хотираи ман як воқеаи гузаштаро зинда кард, воқеаи ҳузновареро, ки хайрият дар гузашта монд.
Охири соли 1993 вакили парлумон, доктори фанҳои таърих, профессор Моёншо Назаршоев муовини сарвазир таъйин гардид. Он вақт ман ёвари ў будам. М. Назаршоев шахси ниҳоят меҳнатдўст ва серталаб буд, мегуфт, ки Роҳбари давлат ба ман бовар карданд, ман бояд бовари он касро ба ҷо орам.
Шоми 10-уми марти соли 1994, тақрибан соати ҳаштуним ман аз рўи одат муаллимро то мошини хизматиаш гусел кардам.
Субҳи дигар хабари шуми куштори ў дар ҳавлиаш расид. Дар сўги Моёншо Назаршоев ман бо номи “Рў ба баландӣ” мақолае навиштам, ки баъд аз як ҳафтаи фавти муаллим дар “Народная газета” дарҷ гардид. Ин ҷо овардани онро ба маврид мешуморам.
“Дар зери пардаи торикӣ аз тири паси девор риштаи умри Моёншо Назаршоев канда гардид. Ўро ба ҳамон зайли бешафқатона куштанд, ки ҳамсафонаш Муҳаммад Осимӣ, Муродулло Шерализода, Нурулло Ҳувайдуллоев ва дигаронро чунин аз ҳаёт маҳрум сохта буданд.
Баъд аз бист соли барканорӣ аз арсаи сиёсати калон ў дар худ нерўю ҷасорат пайдо кард, то аз нав ба он гом ниҳад.
Ў ба корпуси вакилони мардумӣ дар яке аз давраҳои ниҳоят мураккаб, ки халқи тоҷик аз сар мегузаронид, ворид гардид. Ва ў, бешак, хуб мефаҳмид, ки чӣ масъулияти бузургеро дар назди халқ, дар назди наслҳои оянда ба ўҳда гирифтааст.
Дар миёни аъзои ҳукумат М. Назаршоев чӣ аз ҷиҳати синну сол, чӣ аз ҷиҳати таҷриба аз дигарон бартарӣ дошт. Эҳтимол барои ҳамин ҳама ба ў “муаллим” гуфта муроҷиат мекарданд. Дар лаҳзаҳои душвор ба суханаш гўш медоданд. Профессор М. Назаршоев дар рушди соҳаи маориф, илм ва фарҳанг саҳми назаррас гузоштааст. Ў шахси қоматбаланд, нуронӣ ва пуртаҳаррук буд, бо вусъати андеша фарқ мекард ва ниятҳояшро низ ҳамин гуна дар доираи фарох бо кордонӣ татбиқ месохт. Ў бо тамоми зиндагии озодааш, хизмати содиқонааш ба Ватан, истеъдоди худододи воизиаш фарзанди дигари шўҳратёри Бадахшон – Шириншо Шотемурро ба ёд меовард.
Профессор М. Назаршоев садди роҳи кӣ шуда буд? Чаро террористон маҳз ўро интихоб намуданд, чаро пеш аз рост кардани мили автомат ҷониби вай боре фикр накарданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон ҳатто душманони оштинопазир кинаю адоватро аз дилҳо дур месозанду гуноҳи ҳамдигарро мебахшанд.? Оё ин ҳодиса дар арафаи вохўрии роҳбарони Ҳукумати қонунии Тоҷикистон, ки роҳи сулҳу оштиро пеш гирифтаанд, бо намояндагони оппозитсия тасодуфӣ аст?
Ҳар касе, ки Моёншо Назаршоевро мешинохт, ин суханонро дилпурона тасдиқ мекунад: ў рақибони ғоявӣ дошт, аммо душманони шахсӣ на. Разилоне, ки риштаи ҳаёти ўро дар авҷи камолоти ҷисмонию ақлонию сиёсӣ канданд, фақат як ҳадафи нопок доштанд: дар миёни мардумони минтақаҳои гуногун тухми нифоқ ва ҳамдигарбадбинӣ коштан, ҷой кардани биму ҳарос дар дили ходимони сиёсие, ки имрўз дар сари чамбари киштии давлати соҳибистиқлоли тоҷик истодаанд.
Оё он кўрдилон ба қасди нопоки худ муваффақ шуданд? Ҳаргиз! Амалиёти террористии онҳо нишонаи шикаст ва заифии сиёсии онҳост. Халқ ҳеҷ гоҳ марги Моёншо Назаршоев ва дигар фарзандони барўманди худро намебахшад.
Дар вазифаи муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Назаршоев ҳамаги 39 рўз фаъолият кард. Аммо дар ҳамин муддати кўтоҳ низ корҳое зиёдеро анҷом дод: бо одамон мулоқот менамуд, машваратҳо доир месохт. Милисаҳои дарбони бинои ҳукумат метавонанд тасдиқ кунанд: ў аз ҳама барвақт ба кор меомаду аз ҳама дер мерафт. Ман ўро ду соат пеш аз марги фоҷиавиаш дида будам. Табъи муаллим хуш буд, дар бораи нақшаҳои ояндааш ҳарф мезад. Ҳайҳот, онҳо дигар амалӣ намешаванд. Аммо ҳадафи асосие, ки вай умрашро сарфи он кард, ҳатман, бегуфтугў амалӣ мегардад: Тоҷикистони соҳибистиқлол дар радифи давлатҳои мутараққии демократии ҷаҳон қарор хоҳад гирифт!
Дар назди хонаи Моёншо Назаршоев раддаи дарахтони сафедор қад кашидааст. Ҳангоми навниҳол будани ин дарахтон ў онҳоро аз Бадахшон оварда, бо дастони худ шинонда буд. Онҳо мағруру мавзунқоматанд, рў ба баландӣ, ба хуршед истоданд.
Моёншо Назаршоев худ низ дар зиндагӣ ҳамин хел буд: сарбаланд, ҳамеша рў ба некию покию нур”.
Марги фоҷиавии М. Назаршоев фақат як мисолест аз силсилакушторҳо дар он замони пуртаҳлукаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ. Пасопеш академик Муҳаммад Осимӣ, табибони ҳозиқ, профессорон Минҳоҷ Ғуломов ва Юсуфхон Исҳоқӣ, сармуҳаррири рўзномаи “Садои мардум” Муродулло Шерализода, мушовири давлатии Президенти мамлакат Карим Юлдошев, рўзноманигори шинохта Отахон Латифӣ, прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, собиқ раиси Шўрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев, барандаи Чоизаи ленинӣ, собиқ вазири обёрӣ ва роҳбари вилояти Қўрғонтеппа Абдукарим Қосимов, адибони хушзавқ Сайф Раҳимзод, Қулмуҳаммади Абдулҳусейн, Пиримқул Сатторӣ, Махсум Олим, рўзноманигорон Муиддин Олимпур, Почохон Сайфиддин, Олимҷон Ёрасеновва дигарон тирборон карда шуданд. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимови солхўрдаро, ки дар муҳорибаҳо бо фашистон ҷон ба саломат бурда буд, бераҳмона ба қатл расонданд. Аксари ин одамон ифтихори миллат буданд, шўҳраи Тоҷикистонро ба ақсои олам баровардаанд. Магар куштори бераҳмонаи онҳоро халқ фаромўш мекунад? Ҳеҷ гоҳ.
Ба ғайр аз онҳо даҳҳо ҳазор нафари дигар шаҳид шуданд, ки шояд чандон номвар набуданд, вале онҳо низ ҷон доштанд, инсон буданд, аз зиндагӣ умед доштанд. Чӣ қадар ҷавонони навхат қурбони ин ҷанги офатбор шуданд, ки аз сад гулашон як гулашон нашукуфта буд. Чи қадар кўдакон ятиму чи қадар занон бева монданд!
Ёдам ҳаст, ҳар гоҳ хабари ягон ҳодисаи террористӣ паҳн шавад, одамон бо изтироб аз якдигар мепурсиданд: ин қотилон кӣ бошанд, дар паси онҳо кӣ меистад, онҳо бо дастури кӣ беҳтарин фарзандони миллатро аз байн мебаранд? Дар он давраи муташанниҷ чунин саволҳо аксаран беҷавоб мемондаанд. Вале имрўз ҳамааш аён гардид. Барангезандагони ҷанги шаҳрвандӣ ва қотилон роҳбарону аъзои зархариди Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва хоҷагони аҷнабии онҳо мебошанд. Маблағгузорону тарроҳони амалиёти террористӣ ҳам маълуманд. Дар гузориши ВКД дар ин хусус далелҳои раднопазир оварда шуданд. Офтобро бо доман пўшида намешавад.
Акнун ба ҳама чун рўз равшан аст: кӣ кист? Кӣ тахрибкору кӣ ободгар аст, кӣ ватанфурўшу кӣ ватанпараст аст, кӣ ағёр асту кӣ ёр. Бинобар ин вақте ки Прокуратураи генералӣ фаъолияти ҲНИТ-ро дар қаламрави кишвар ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ мамнўъ эълон кард, аксари кулли мардум ин иқдомро ба хушнудӣ пазируфтанд.
Ин ҳизб метавонист чун азҳоби дигар, амсоли Ҳизби халқии демократӣ ва ғайра дар атрофи Ҳукумати кишвар муттаҳид гардида, дар доираи қонунгузорӣ фаъолият барад ва дар ҳалли мушкилот мусоидат намояд. Аммо роҳбарони ҲНИТ роҳи дигарро пеш гирифтанд, ғояҳои носолими шўрангезро паҳн мекарданд, ҳатто ба кўшиши табаддулоти давлатӣ роҳнамоӣ намуданд.
Аммо онҳо ба ин ҳадафи нопок нарасиданд. Ончунон, ки Сайидои Насафӣ фармудааст:
Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хўрад.
Ҳоло бошад роҳбари фирорнамудаи ҲНИТ М. Кабирӣ дар хориҷа дар паноҳи хоҷагони худ қарор дораду бо ҳар роҳ мехоҳад Ҳукумати Тоҷикистонро бадном намояд, кулўхандозӣ мекунад, гўиё ҷурмҳои ҷомеаи моро “фош” месозаду роҳи наҷоти кишварро нишон медиҳад. Ҳанўз дар асри XI шоири бузурги гурҷӣ Шота Руставели гуфта буд:
Аз дуриҳо карда назар бар корзор,
Чӣ осон аст, худро пиндоштан сипаҳсолор.
Сипаҳсолори ҳақиқӣ, ягона ва маҳбуби халқи мо Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, Президенти аз ҷониби кулли мардум интихобшудаи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Ба мо дигар ҳеҷ гуна сипаҳсолори дурўғин лозим нест. Халқ ба суханони иғвогаронаи сиёсатмадороне мисли М. Кабирӣ дигар фирефта намешавад, баръакс, онҳоро сахт маҳкум мекунад. Ба ин ҳамоишҳои ҷавонон, ҷавононе, ки дар даврони Истиқлолият таваллуд шудаву ба воя расидаанд, гувоҳанд. Онҳо ба Президенти худ содиқанд. Қудрати Роҳбари давлати мо дар он аст, ки он кас бо халқанду халқ бо он кас аст ва дар атрофи Пешвои чун кўҳ мазбути худ муттаҳид мебошад.
Рассоми шинохтаи охири асри 19 ва аввали асри 20-уми рус В. Верещагин расме дорад бо номи “Оқибати ҷанг”, ки дар нигористони машҳури Третяков маҳфуз аст. Дар он як теппаи даҳшатноке аз косахонаҳои сари одамон, ки дар аксарашон изи тир ҳувайдост ва болояшон зоғҳои сиёҳи бадмур парвоз доранд, тасвир ёфтааст. Ин амал эътирози рассом ба ҳама гуна ҷангу зўроварист. Мегўянд, ки Верещагин ин асари худро дар асоси ривоятҳо дар бораи Темурланг офаридааст. Темурланге, ки аз косахонаҳои сари одамон калламанора месохт.
Фикр мекунам, ки агар қувваҳои солими ҷомеа бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҷанги хонумонсўзро намегирифтанд, Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат раҳоӣ намеёфту аз харитаи сиёсии ҷаҳон гум мешуд ва ба ҷои он калламанораҳои фарзандони тоҷик пайдо мешуданд. Калламанораҳои одамоне, ки аз дасти чунин касифон ба мисли Ҳоҷӣ Ҳалим ва пайравони ҷинояткори ў ҳама кушта мешуданд.
Бисёр адибони тоҷик, чун дигар зиёиёни эҷодкор дар асарҳои худ ҷанг, терроризм ва экстремизми диниро маҳкум намуданд. Романи Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад “Гирдбод” ба ин мисоли хуб шуда метавонад. Хулосаи асар чунини аст: ҷанг шабеҳи гирдбод аст, вале онро пешгирӣ кардан мумкин, ба шарте, ки мардум муттаҳид бошанду сулҳу суботро чун неъмати бебаҳою гарави зиндагии осуда ва ояндаи неки фарзандон ҳифз намоянд. Бешак, ин ғоя аз фаъолияти ҳамарўзаи доманадори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз дастур ва ҳидоятҳои эшон сарчашма мегирад.
Нависандаи машҳури украин Михайло Стелмах романе дорад бо номи “Хуни одамӣ об не”. Он хеле барвақт навишта шудааст, ҳодисаҳое, ки дар тасвир шудаанд, дар дигар замон рўй додаанд. Вале ба фикри мо номи ин асар ба гузориши ВКД оид ба фаъолияти гурўҳҳои террористии дастпарвари ҲНИТ хеле мувофиқ аст: “Хуни одамӣ об не”.
Ва боз аз як асари дигар мехоҳам ёдовар шавам – аз повести Валентин Распутин “Зинда бошу дар ёд дор”, ки низ ба оқибатҳои ҷанги хонумонсӯз бахшида шудаасст. Мехоҳам ба хонандаи ин сатрҳо муроҷиат намоям: зинда бошу дар ёд дор!
Мансур САЙФИДДИН,
сармуҳаррири ҳафтавори
“Адабиёт ва санъат”
Маълумоти АМИТ “Ховар”:
Мансур Сурӯш (Сайфиддинов Мансур Сайдалиевич) 19 декабри соли 1954 таваллуд шудааст. Дастпарвари Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) мебошад. Нависандаи насрнавис, драматург, тарҷумон, рӯзноманигор. Ба забонҳои тоҷикию русӣ асар менависад. Муаллифи чандин маҷмӯаҳои ҳикояҳо, намоишномаҳо ва филмҳои ҳуҷҷатӣ мебошад.
Асарҳои адибони тоҷикро аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума мекунад. Аз ҷумла, ҳикоёти ибратомӯзи Муҳаммад авфии Бухороӣ (асри 13), ҳикояҳои Ӯрун Кӯҳзод, драмаи Низом Қосим «Кир ва Куруш», китоби Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро ба забони русӣ тарҷума намудааст.
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистон.
Чандин сол ба ҳайси мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи ҲХДТ «Минбари халқ» кор кардааст.
Ҳоло сармуҳаррири ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» мебошад.