24 ОКТЯБР – РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Чаҳоряк аср ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи Рушди СММ боиси дастовардҳои муштарак гардид

Октябрь 24, 2017 11:33

ДУШАНБЕ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 24 октябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ҷашн гирифта мешавад. Дар баробари ин бояд зикр кард, ки имсол ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид 25 сол пур мешавад. Вобаста ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мушовири Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Шаҳзод АВАЗОВ суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Замина ва сатҳи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Созмони Милали Муттаҳид чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?

Шаҳзод Авазов: Бояд гуфт, Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша дар самти рушди конструктивӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо тамоми давлатҳои дунё, ташкилоту созмонҳои пуриқтидори байналмилалӣ, аз ҷумла, сохторҳои дахлдори СММ баҳри рушду нумӯи кишварамон талош меварзад.

Созмони Милали Муттаҳид сохтори универсалӣ ва намояндагӣ буда, фаъолияти он барои дастгирӣ ва кумак баҳри рушди давлатҳо равона карда шудааст.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон соли 1992 аъзои комилҳуқуқи СММ гардид ва соли 1994 Барномаи рушди СММ фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз намуд. Вале он замон дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Яке аз заминаҳои асосии оғози фаъолияти Барномаи рушди СММ дар ин давра дастгирии ҳукумат ва мардуми одӣ буд, зеро оқибатҳои ногувори ҷанги шаҳрвандӣ ба паст шудани вазъи некуаҳволии мардум, бамаротиб афзудани сатҳи кабизоатӣ ва хароб гардидани иқтисодиёти кишвар оварда расонида буд.

Айни ҳол барномаву намояндагиҳои гуногуни СММ, аз ҷумла Барномаи рушди СММ фаъолияти худро дар самти рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар сатҳи маҳал низ пеш бурда истодаанд.

АМИТ «Ховар»: Ҳадафҳои Барномаи Рушди СММ аз чӣ иборатанд?

Шаҳзод Авазов: Ҳадафи Барномаи Рушди СММ кумак расондан ва дастгирӣ намудани Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамоҳангсозии ташаббусҳо оид ба рушд, идоракунии молияи давлатӣ, банақшагирӣ, қабули масъалаҳо ва амсоли инҳо мебошад. Ҳадафу мақсадҳои БР СММ бо афзалиятҳои рушд дар Барномаи қолабии СММ (ЮНДАФ), ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва Ҳадафҳои Рушди Устувор мувофиқа шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2000 дар қатори дигар давлатҳои дунё Декларатсия оид ба Рушди Ҳазорсоларо ба имзо расонид. Маҳз аз ҳамин давра ташаббус ва қадамҳои устувори Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола баръало ба назар мерасанд.  Ибтидои солҳои 2000-ум ҳисоботҳои нахустин оид ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бо дастгирию кумаки БР СММ таҳия ва пешкаши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, татбиқи ин ҳадафҳо дар сатҳи миллӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷа, ҳуҷҷатҳои нахустини стратегии кишвар маҳз дар заминаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таҳия ва қабул гардиданд, ки такони ҷиддӣ ҷиҳати ҳамгироии ҳадафҳои стратегии минбаъда гардид.

АМИТ «Ховар»: Тавре медонем, СММ баъд аз барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола барномаи нави Ҳадафҳои Рушди Устуворро қабул кард. Аз нигоҳи Шумо, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор чӣ гуна аст? 

Шаҳзод Авазов: Рӯзномаи нав барои давраи то соли 2030 ҳуҷҷати муҳим баҳри кулли инсоният ба шумор меравад: татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба интиҳо расида, онҳоро Ҳадафҳои нави Рушди Устувор барои давраи то соли 2030 иваз намуд. Маҳз дастоварду сабақҳои андӯхта дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ҳамчун асос барои таҳияи Рӯзномаи нав оид ба Рушди Устувор то соли 2030 гашт.

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи воқеӣ ҷиҳати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин дар заминаи Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ дар шаҳри Ню-Йорк қабул гардида буд, ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз қабили «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» таҳия ва тасдиқ гардиданд.

Бо мусоидат ва дастгирии методии БР СММ дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд ва донорҳо ҳуҷҷатҳои асосии кишвар, ба монанди Декларатсияи Ҳазорсола, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020  таҳия гардиданд.

Ҳамчунин БР СММ дар раванди таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ,  стратегияҳои рушди соҳавӣ, қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ ва барномаҳои рушди соҳавию минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор мебошад.

АМИТ «Ховар»: Таҳия ва қабул гардидани барномаҳо ва стратегияҳои зикршуда чӣ натиҷаҳо ба бор оварданд?

Шаҳзод Авазов:  Маълумоти макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ яқинан тасдиқ мекунанд, ки пешравиҳои назаррас ба даст омаданд. Аз ҷумла, сатҳи камбизоатӣ қариб 2 маротиба коҳиш дода шуд (аз 53 фоизи соли 2007 то 30,3 фоиз дар соли 2016), ба ҳисоби миёна афзоиши устувори иқтисодӣ дар сатҳи 7 фоиз дар як сол таъмин гардид, суботи макроиқтисодӣ ба даст омад, сатҳи таваррум то рақамҳои ягона паст карда шуд, даромад ба таври назаррас зиёд шуд, имкониятҳои зиёди буҷетӣ, ки ба равона сохтани маблағҳои бештар ба рушди неруи инсонӣ имкон медиҳад, афзоиш ёфтанд.

Дар соҳаи саноати кишвар ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2007 беш аз 20 фоиз афзоиш ёфта, теъдоди корхонаҳои саноатӣ  сеяк маротиба афзуд.

Суръати афзоиши солонаи маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 8,6 фоизро ташкил дод. Дар ин давра фарогирӣ бо таҳсилоти мактабӣ то 93% афзуда, дар бахши нақлиёт 38 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ шудаанд, ки дар натиҷа 2000 км роҳи автомобилӣ, 240 пул, 32 км нақб ва долонҳои зиддитармавӣ ба истифода дода шуданд. Дар доираи дастовардҳои бахши иҷтимоӣ нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 50 фоизи соли 2008 ба 30,3 фоиз дар соли 2016 расид, ки дар назар аст то соли 2030 коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ идома ёфта, сатҳи он то 20 фоиз коҳиш ёбад. Тағйироти муҳим дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба амал омад. Сатҳи фавти навзод, кӯдак ва модар зиёда аз 2 маротиба коҳиш ёфт. Садҳо муассисаи таълимӣ, беморхонаҳо, иншооти фарҳангӣ ва варзишӣ ба истифода дода шуданд.

АМИТ «Ховар»: Рақамҳое, ки гуфтед, дар натиҷаи амалӣ кардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба даст оварда шуданд. Акнун Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, ки Тоҷикистон қабул кардааст, бо Ҳадафҳои Рушди Устувор то кадом сатҳу сифат мутобиқат мекунад? 

Шаҳзод Авазов: Боиси тазаккур аст, ки бо мақсади мутобиқати ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз қабили Стратегияи миллии рушд ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон (инчунин барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ) бо ҳадафу мақсадҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор Арзёбии фаврии маҷмӯавӣ гузаронида шуд. Муайян гашт, ки 64 фоизи мақсадҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор дар Стратегияи Миллии Рушд ва Барномаи Миёнамуҳлати Рушд инъикос гашта, дар маҷмӯъ бо стратегияву барномаҳои соҳавии кишвар ин нишондиҳанда 78 фоизро нишон медиҳад.

Дар ин ҷо мехостам диққати шуморо нисбат ба ҳамгироӣ ва ё милликунонии Ҳадафҳои Рушди Устувор дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар ҷалб созам.  Ҳоло механизми миллии татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор тавассути Стратегияи Миллии Рушд таъсис дода шудааст. Айни замон раванди такмилдиҳии сиёсати соҳавӣ бо назардошти Ҳадафҳои Рушди Устувор ва Стратегияи Миллии Рушд рафта истодааст. Дар асоси Дастури нави методӣ оид ба таҳияи барномаҳои рушди соҳавӣ пайвастшавии индикаторҳои миллӣ бо индикаторҳои глобалии Ҳадафҳои Рушди Устувор дар сатҳи барномаҳои соҳавӣ пешбинӣ шудааст. Дар назар аст то охири сол раванди таҳияи низоми мониторинг ва арзёбии Стратегияи Миллии Рушд ва Ҳадафҳои Рушди Устувор пурра таҳия ва қабул гардад.

Яке аз қадамҳои муҳими ҳамгироии Ҳадафҳои Рушди Устувор ва Стратегияи Миллии Рушд Барномаи нахустини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 маҳсуб меёбад, ки бо дастгирии бевоситаи БР СММ тавассути ҷалби коршиносони варзидаи соҳа таҳия гардид. Бояд гуфт, ки ин нахустин барномаи рушд дар сатҳи маҳал мебошад, ки ҳадафу афзалиятҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор ва Стратегияи Миллии Рушдро ба инобат мегирад.

АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон имсол Ҳисоботи ихтиёрии миллии худро ба СММ пешниҳод кард…

Шаҳзод Авазов: Бале! Мехостам дар ин бора суҳбат кунам. Яке аз дастовардҳои назаррас дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор ин аст, ки Тоҷикистон дар қатори 43 кишвари ҷаҳон моҳи июли соли равон Ҳисоботи ихтиёрии миллии худро дар шаҳри Ню-Йорк дар чаҳорчӯбаи Форуми сатҳи баланди сиёсӣ оид ба рушди устувор муаррифӣ намуд, ки аз ҷониби иштирокчиёни Форуми мазкур баҳои баланд гирифт. Ин ҳама бевосита саҳми Ҳукумати кишвар, Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва албатта, дастгирии молиявии БР СММ мебошад. Ҳадафи асосии Ҳисобот таҳлили раванди татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар сатҳи миллӣ, ҳамгироии Рӯзномаи рушд барои давраи то соли 2030 дар сиёсати миллӣ тавассути иштироки васеи ҷонибҳои манфиатдор мебошад. Ҳисобот дар асоси як қатор машваратҳои сатҳи миллӣ ва маҳал бо иштироки мутахассисони мақомоти марказӣ, соҳавӣ ва минтақавии давлатӣ, оҷонсиҳои СММ, намояндагони Парлумон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону коршиносони варзида, соҳибкорону ВАО, ҳамчунин намояндагони шарикони рушд баргузор гардид.

АМИТ «Ховар»: Оё заминаву имкониятҳо барои ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон бо Барномаи Рушди СММ боқӣ мондаанд?

Шаҳзод Авазов: Бале, ҳанӯз ҳам масъалаи маҳви камбизоатӣ бо вуҷуди ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар Тоҷикистон актуалӣ боқӣ мондааст. Дар зарфи 15 соли минбаъда ҳалли масоили амнияти хӯрокворӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, таъмини оби нӯшокӣ, инчунин бартараф кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим, татбиқи дигар зерҳадафҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки ба сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум таъсир мерасонанд, пеши Ҳукумати мамлакат ва БР СММ гузошта шудаанд.

Барои татбиқ ва ҳалли ин мушкилот иҷрои тадбирҳои зерин пешбинӣ шудаанд. Дар навбати аввал, тағйироти механизми ҳамоҳангсозӣ ва шарикӣ бо шарикони рушд, оҷонсиҳои СММ ва бахши ҷомеаи шаҳрвандӣ. Дигар масъалаи муҳим- ин таъмини иттилоотонии аҳолӣ бо афзалиятҳои асосии Ҳадафҳои Рушди Устувор.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз муаррифии Ҳисоботи ихтиёрии миллии худ дар Форуми сиёсии сатҳи баланд якҷоя бо БР СММ ташаббус зоҳир намуд, то таҳияи ҳисоботҳои миллии худро оид ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ба роҳ монад.

Дар интиҳо гуфтаниям, ки бо вуҷуди паси сар шудани чоряк асри ҳамкории муштараки Тоҷикистон бо Барномаи Рушди СММ ҳоло ҳам ғояву идеяҳои инноватсионии истифоданашуда зиёд буда, Барномаи Рушди СММ яке аз шарикони калидии ҷумҳурӣ дар самти рушди устувор боқӣ мемонад.

Акрам САНГЗОДА

 

P.S.

Мавриди зикр аст, ки  ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ вобаста ба истифода ва тақсимоти оқилонаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла, оби ошомиданӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар чорабинии сатҳи баланд дар шаҳри Ню-Йорк зери унвони Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” ҷамъбаст гардид. Пешниҳоди навбатии Тоҷикистон оид ба эълон намудани даҳсолаи ояндаи “Об барои рушди устувор” аз ҷониби  Созмони Милали Муттаҳид бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Октябрь 24, 2017 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд