Агентии обуҳавошиносӣ: имрӯз дар кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 16.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави мамлакат ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш гашта, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорати ноустувор дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат баланд гардида, рӯзона ба 26-31 дараҷа мерасад. Дар ин минтақа шамол аз самти шарқ дар як сония 4-9 метр мевазад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ мегардад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 21-26 ва дар шарқи ҳамин вилоят 6-11 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абриро пешгӯӣ менамоянд. Дар ноҳияҳои вилоят вазиши сахти шамол ба амал омада, суръати он аз самти шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 24-29 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 25-30 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорати ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 26-28 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад






