Агентии обуҳавошиносӣ: пагоҳ дар қаламрави ҷумҳурӣ вазиши сахти бод ва пастшавии ҳарорат дар назар аст

Октябрь 17, 2017 08:46

ДУШАНБЕ, 17.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар ҷумҳурӣ тағйирёбии якбораи обу ҳаво дар назар дошта шудааст. Дар баъзе аз ноҳияҳои вилояти Суғд вазиши сахти бод аз тарафи шимолу ғарб то 17-22 метр дар як сония пешбинӣ шуда, дар бархе ҷойҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ шамол то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳамзамон ба амал омадани чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳарорати рӯзона паст гардида, ба 8-13 дараҷа мерасад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз, 17 октябр обуҳавошиносони кишвар дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш ва ба амал омадани чангу ғуборро пешгӯӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат баланд гардида, рӯзона ба 27-32 дараҷа мерасад. Дар ин минтақа шамол аз самти шарқ дар як сония 3-8 метр мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ мегардад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 18-23 ва дар шарқи ҳамин вилоят 6-11 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абриро пешгӯӣ менамоянд. Дар ноҳияҳои вилоят вазиши сахти шамол ба амал омада, суръати он дар баъзе ноҳияҳо ба 20-25 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 24-29 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 5-10 ва рӯзона ба 26-31 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорати ҳаво шабона 6-8  ва рӯзона 29-31 дараҷа гарм мешавад.

 

Октябрь 17, 2017 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд