ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ: аз ҳаҷми умумии борҳои содиротӣ зиёда аз 207 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад

Октябрь 31, 2017 10:33

ДУШАНБЕ, 31.10.2017/АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе дар зарфи нуҳ моҳи соли равон ба зиёда аз 955 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,3 ҳазор нафар мусофир ё 12,1% зиёд мебошад.

Тавре котиби матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин давра ҳаҷми умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда 1897 тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 222  тонна  ё беш аз 13 % зиёд аст. Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки аз ҳаҷми умумии борҳои содиршуда зиёда аз 207 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад.   Ҳамзамон роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷиҳати хуррамгардонӣ ва ободонии атрофи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе корҳои  назаррас ба анҷом расонидаанд. Хусусан дар ин давра ба истиқболи ҷашнҳои бузурги давлатӣ, аз ҷумла, Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди толори Президентӣ, толорҳои тиҷоратӣ (СИП), роҳи протоколӣ, терминалҳои №1 ва №2, атрофи фурудгоҳ 1200 бех ниҳолу дарахтони гуногун  беш аз 60 ҳазор адад гулу буттаҳои гуногуни ороишӣ шинонда шуда, 5000 метри мураббаъ заминҳои ҳудуди дохилӣ ва берунии фурудгоҳ сабзазор гардонида шуд.

Инчунин дар ин давра бинои Президентӣ ва фаввораи назди он, толори СИП-и терминали №2, майдони назди аэровокзал, деворҳои канори роҳҳои протоколӣ ва атрофи фурудгоҳ таъмиру тармим гардида, таваққуфгоҳҳои нақлиётии дохили фурудгоҳ дар ҳаҷми наздик ба 2000 метри мураббаъ ва 980 метри мураббаъ таваққуфгоҳҳои берунии фурудгоҳ   ва зиёда аз 2600 метри мураббаъ  роҳҳои назди  бинои аэровокзал асфалтпӯш карда шуданд.

 

Октябрь 31, 2017 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад