БА ЗИМИСТОН ОМОДА МЕШАВЕМ. Аз 126 адад дегхонаҳои буғии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 36 ададаш дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 06.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пастшавии ҳарорати ҳаво дар кишвар аз омад-омади фасли зимистон хабар медиҳад. Ҳамин аст, ки қабл аз фарорасии сардиҳо дар вазорату идораҳо корҳои омодагӣ ба давраи зимистон сурат мегиранд, то дар фасли зимистон мушкилот пеш наояд. Яке аз соҳаҳое, ки мардум ба он бештар ниёз доранд ва новобаста аз мавсими сол пайваста ба он рӯ меоранд, соҳаи тандурустӣ мебошад.
Дар бораи омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 мухбири АМИТ «Ховар» бо сардори раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдалӣ Ҳафизов ҳамсуҳбат гардид.
«Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди доимоамалкунанда таъсис ёфта, фаъолияти он тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монда шудааст. Дар ҷаласаҳои ситод тамоми масъалаҳои марбут ба омодагии муассисаҳои соҳа ба мавсими зимистон мунтазам баррасӣ карда мешаванд»,-изҳор намуд С. Ҳафизов.
Ба гуфти мусоҳиб, бо мақсади сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 то 30 сентябри соли 2017 нақшаи захираи ангишт 7872,6 тонна пешбинӣ гардида, дар асл 6520,4 тонна (82,8%), ҳезум 6962,9 м3 — дар асл 5401,7 м3 (77,6%), сўзишворӣ 82476 литр — дар асл 38488 литр (46,7%) захира карда шудааст.
Зикр шуд, ки муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дорои 1000 адад генераторҳои барқӣ буда, барои истифодаи онҳо тибқи нақша захираи сўзишворӣ пешбинӣ гардидааст.
«Дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 126 адад дегхонаҳои буғӣ мавҷуд буда, айни ҳол 90 адад (71,4%) дегхонаҳо коршоям мебошанд, аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 1 адад, вилояти Хатлон 11 адад, вилояти Суғд 40 адад, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17 адад, шаҳри Душанбе 6 адад ва муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15 адад. Ҳамин минвол, 36 адад дегхонаҳо дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд. Аз ин рў барои аз эътибор соқит намудани дегхонаҳои барқарорнашаванда ба ҳамаи муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ супориши мушаххас дода шуд, ки онҳоро тибқи тартиби муқарраргардида аз тавозун хориҷ намоянд. Инчунин рўйхати дегхонаҳои барқароркуниашон бесамар барои аз эътибор соқит намудан ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман пешниҳод гардид»,- баён дошт С. Ҳафизов.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






