Бадахшон: барномаҳои иқтисодии соҳибкорони маҳаллӣ ба замони муосир ҷавобгӯ нестанд

Октябрь 13, 2017 11:54

ХОРУҒ, 13.10.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед  бо як гурӯҳ тоҷирону соҳибкорони муваффақи вилоят мулоқот доир намуд. Зимни мулоқот барномаҳои иқтисодии соҳибкорон ва пешниҳодҳои онҳо оид ба роҳҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Раиси вилоят гуфт, ки «ҳарчанд Ҳукумати кишвар барои соҳибкороне, ки ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ рағбат нишон  медиҳанд, имтиёзҳои зиёд муқаррар кардааст, аммо онҳо ҳанӯз ҳам ба хариду фурӯши молу коло ё сохтмони марказҳои хизматрасонӣ машғул мебошанд. Ягон соҳибкор як корхонаи хурди истеҳсолӣ ҳам бунёд накардааст. Тиҷорат хуб аст, аммо он ба рушди соҳаи иқтисодӣ, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ ва ғанисозии буҷаи маҳаллӣ  мусоидати кам мекунад».

Ба андешаи раиси вилоят, яке аз вазифаҳои асосии соҳибкорони ватанӣ дар шароити феълӣ- ин ҳарчи бештар коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар кишвар мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ низ он соҳибкоронеро дастгирӣ мекунад, ки барои сокинони кишвар ҷойҳои нави корӣ эҷод кунанд. Бо ин мақсад Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз ҳисоби Фонди дастгирии соҳибкорӣ барои минтақаҳои кӯҳистон маблағҳои муайян ҷудо мекунад. Аммо, мутаассифона, аксари лоиҳаҳои пешниҳодшуда номукаммал буда, натиҷаи ин лоиҳаҳо номаълум боқӣ мемонад.

Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки баъзе  соҳибкорон бо мақсади ба даст овардани маблағ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаҳо пешниҳод мекунанд. Онҳо кумакҳои бебозгаштро гирифта, баъди тамом шудани маблағ худро муфлис эълон мекунанд. Касоне ки бо ҳамин роҳ мехоҳанд вориди соҳаи соҳибкорӣ шаванд, ҳаргиз дар корашон муваффақ намешаванд, зеро тиҷорату соҳибкорӣ аз ҳар нафар амалу нияти покро тақозо мекунад.

Раиси вилоят дар робита ба ин ба соҳибкорони вилоят гуфт, ки «агар тоҷирону соҳибкорон бо нияти нек ба касби тиҷорат даст зананд, аз фиреби мизоҷону муштариён худдорӣ варзида, андози давлатро сари вақт пардохт кунанд, ҳам миёни мардум соҳибобрӯ мешаванд ва ҳам рӯзгори хонаводаи худро бидуни мушкил саришта мекунанд».

Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Кишвар Шаҳмиров гуфт, ки назар ба маълумоти оморӣ, то якуми октябри соли равон дар қаламрави вилоят 1931 нафар тавассути патент ба соҳибкорӣ машғул мебошанд, ки аз ҳисоби фаъолияти онҳо дар нуҳ моҳ ба буҷа як миллиону 243 ҳазор сомонӣ ворид шудааст. Аз тариқи шаҳодатнома 920 нафар соҳибкор фаъолият доранд, ки то ин муддат ба буҷаи вилоят як миллиону 752 ҳазор сомонӣ маблағи андоз пардохт кардаанд. Ҳамчунин то имрӯз дар ҳудуди вилоят 505 адад корхонаву ширкатҳои истеҳсолӣ сабти ном шудаанд, вале баъди санҷиш маълум гардид, ки 309 ададашон фаъолият намекунанд.

Зимни мулоқот бархе соҳибкорон ба хотири рушди соҳибкорӣ аз раиси вилоят хоҳиш намуданд, ки ҷиҳати ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, зиёд кардани муҳлати қарзҳои бонкӣ ва паст намудани фоизи онҳо, инчунин кам кардани пардохтҳои гумрукӣ кумаки бевоситаи худро расонад.

Иштирокчиёни мулоқот ба қароре омаданд, ки дар назди раиси вилоят Шӯрои соҳибкорон таъсис дода шавад. Аъзои он минбаъд моҳе як маротиба гирди ҳам омада, оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ мубодилаи афкор намоянд.

 

Октябрь 13, 2017 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дабири кулли СММ барои дар сатҳи ҷаҳонӣ мубориза бурдан бо гармои шадид даъват намуд
Аз 27 июл то 1 август дар Тоҷикистон чангу ғубор ва дар баъзе ноҳияҳо омадани сел пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вохӯрии гурӯҳи корӣ бо занону духтарон доир шуд
29 июл дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиро дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ мегузаронанд
Дар Кӯлоб 2684 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ронандагон тартиб дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амирӣ» ва «Афзалият» таъсис дода шуд
Агентии хоҷагии ҷангал: «Нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагони қонунгузории соҳа ба миқдори 780 санад тартиб дода шуд»
Пагоҳ Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд