Баррасии роҳҳои рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон

Октябрь 9, 2017 12:15

ДУШАНБЕ, 09.10.2017/АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон  фардо дар Душанбе зимни баргузории нишаст бо иштироки намояндагони ширкатҳои хусусӣ, иттиҳодияҳо, ширкатҳои консалтингӣ, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ матраҳ мегарданд.

Ҳамоиш дар доираи ҳафтаи соҳибкорӣ бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон таҳти сарпарастии  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии   Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байналмилалӣ баргузор мешавад.

Дар нишаст пешсафони соҳаи нассоҷию дӯзандагии Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбута вазъи кунунии соҳа ва роҳҳои рушди онро баррасӣ мекунанд. Зимни муаррифии фазои феълии истеҳсолот, тиҷорат ва бозорёбӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ширкатҳои таҷрибадори соҳа, ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон доир ба барномаҳои давлатӣ дар иртибот ба соҳа маълумот пешниҳод мекунанд.

Октябрь 9, 2017 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад