Бонки миллӣ бо Бонки де Франс ҳамкории судмандро аз нав эҳё мекунад

Октябрь 9, 2017 17:16

ДУШАНБЕ, 09.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба  ҳамкорӣ дар самти муносибатҳои муросилотӣ байни бонкҳои тиҷоратии Франсия ва Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд,  имрӯз   муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев      ҳайати таҳлилгарони молиявии минтақавии Намояндагии иқтисодии назди Сафорати Ҷумҳурии Франсия дар Федератсияи Россия   оид ба масъалаҳои молиявӣ Сирил Низар– атташе   ва  Роҳбари намояндагии иқтисодӣ оид ба Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон Ронан Ванесро ба ҳузур пазируфт.

Ҷ. Нуралиев   зимни вохӯрӣ ба иштирокчиён оид ба вазъи макроиқтисодию молиявӣ, сиёсати монетарӣ ва қурбӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, суботи молиявӣ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи аз нав эҳё намудани ҳамкории мутақобилан судмандро бо Бонки де Франс,   ҷалби кумаки техникӣ дар доираи такмили сиёсати монетарӣ бо роҳи гузаштан ба ҳадафгирии таваррумӣ, мубодилаи таҷрибаи мутахассисони ду кишвар дар низоми бонкӣ ва масъалаҳои дигари низомро мавриди  баррасӣ қарор доданд.

Ҷ.Нуралиев аз таҷрибаи хуби ҳамкории шарикӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки де Франс, ки ҳанӯз соли 1999 тибқи Шартномаи ҳамкории баимзорасида бо Институти бонкдорию молиявии байналхалқии Бонки Франсия то соли 2007 идома ёфт ва дар ин муддат кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тавонистанд савияи дониши тахассусии худро такмил диҳанд, ёдовар шуда, изҳор дошт, ки: «умедворем ин ҳамкории мутақобилан судманд дар самти такмили ихтисоси кормандони низоми бонкӣ бо Бонки де Франс аз нав ба роҳ монда хоҳад шуд».

Сирил Низар ва Ронан Ванес изҳор доштанд, ки барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар бахши молия, аз ҷумла низоми бонкӣ, инчунин барои иштирок дар курсҳои омӯзишӣ ҷиҳати табодули таҷриба дар мавзӯъҳои барои Бонки миллии Тоҷикистон афзалиятнок мусоидат хоҳанд кард.

Ҷ.Нуралиев таваҷҷуҳи ҳайати таҳлилгарони молиявии минтақавии Франсияро ба масъалаи кумаки техникӣ дар самти табодули таҷриба ва ташкили курсҳои омӯзишӣ барои мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар Бонки де Франс ва институтҳои дигари молиявӣ, мусоидат дар таҳияи моделҳо ҷиҳати гузаштан ба ҳадафгирии таваррумӣ, ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои шарикӣ равона намуда, барои дар якҷоягӣ фароҳам овардани фазои мусоиди ҳамкорӣ даъват ба амал овард.

Октябрь 9, 2017 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад