“Чаро қарзҳо ба бонкҳо баргардонида намешаванд?», «Шаҳбонуи олами илм» — шарҳи матбуот

Октябрь 26, 2017 11:37

ДУШАНБЕ, 26.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (23.10.2017, №219) шумораи навбатии худро бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати афзоиши содироти молу маҳсулот пешкаши хонандагон кардааст: «Соҳибкорон бояд дар доираи имкониятҳои мавҷуда саъю кӯшиши худро барои васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардондани талаботи бозори дохилӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот равона намоянд». Дар идомаи мавзӯъ нашрия мақолаи Дилшод Амировро оид ба фаъолияти соҳибкорӣ дар ноҳияи Тоҷикобод нашр кардааст, ки мувофиқи он дар ноҳия 1176 субъекти соҳибкорӣ, 963 хоҷагиҳои инфиродии деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби субъектҳои андозсупори бахши соҳибкорӣ ба буҷет зиёда аз 987 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.

Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашрия мақолаи А. Додозода, сардори Раёсати корҳои махсуси Суди Олиро бо сарлавҳаи «Конститутсияи Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон» чоп кардааст. Муаллиф дар мақола сабаб, замина ва заруриятҳои ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи мамлакат шарҳ дода, навиштааст: «Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Се маротиба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси тағйироти куллӣ дар қонунгузории амалкунанда гардид, ки ин амр ба табиати ҳуқуқии Конститутсия марбут буда, маҳз аз қувваи олии ҳуқуқӣ доштани он сарчашма мегирад».

Шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (24.10.2017, №220) бо суханони Мартин Лиз, ректори Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардидааст: «Иҷлосияи XVI қарори хирадмандона ва муҳимеро қабул кард, ки Эмомалӣ Раҳмоновро ба ҳайси Сарвари давлат интихоб намуд. Маҳз, пас аз ин қарори барои кишвар тақдирсоз раванди сулҳ шакли воқеиро касб кард. Имрӯз таҷрибаи ҳалли мусолиҳатомези низоъ дар Тоҷикистон метавонад дар дигар нуқтаҳои даргири мухталифи ҷаҳон бомуваффақият истифода шавад». Мавриди зикр аст, ки имсол аз ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид 25 сол пур мешавад ва ба ин муносибат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат як силсила чорабиниҳо баргузор шуданд, ки дар рафти онҳо самараи ҳамкориҳои Ҳукумати мамлакат бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масоили истифодаи захираҳои об аз ҷониби СММ барои сокинон муаррифӣ карда шуданд. Нашрия оид ба мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода бо мудири кулли Агентии байналмилалии неруи атом Юкия Амано, баргузор шудани ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Покистон, ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» хабарҳо нашр карда, мақолаҳои «Қонуни танзим – неъмати ҷамъиятӣ», «Иқдоме, ки пайравӣ мехоҳад», «Қӯрғонтеппа ба зимистон омода аст», «Замин ба расмиятдарории ҳуқуқии истифодаи он содатар мешавад» ва дигар гузоришҳои матбуотиро пешкаши хонандагон кардааст.

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» (21.10.2017, №125) таҳти сарлавҳаи «Чаро қарзҳо ба бонкҳо баргардонида намешаванд?» аз ҷараёни Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон гузориши муфассалро бо овардани фикру мулоҳизаҳои намояндагони мардумӣ Бахтовар Сафарзода, Абдураҳим Холиқзода, Гулбаҳор Назирӣ, Шариф Раҳимзода, Мавлуда Мирзозода ва дигарон зимни баррасии лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқӣ нашр кардааст. Дар шумораи навбатии «Садои мардум» (24.10.2017, №126) хабари муфассал дар бораи баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон чоп шудааст. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон», «Дар бораи рӯзҳои ид» аз ҷониби раисони кумитаҳо шарҳ дода шуданд ва бо қарорҳои алоҳида барои баррасӣ ба Иҷлосияи чорум пешниҳод гардиданд. Нашрияи парлумонӣ ҳамчунин мақолаҳои проблемавӣ, аз ҷумла мақолаҳои «Шикам серу организм гурусна» (Оё ғанигардонии орд роҳи осони таъмини аҳолӣ бо ғизои солим буда метавонад?), «Рашт, малакаи омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ ба такмил ниёз дорад», «Одате, ки зарар ба саломатӣ ва хисорот ба хонавода мерасонад» (оид ба истифодаи тамоку), «Мушкиле нест, ки осон нашавад» (дар бораи даст ба худкӯшӣ задани баъзе ашхос) дарҷ кардааст, ки бо факту далелҳо иншо шудаанд.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» ба муносибати 130-солагии Абулқосим Лоҳутӣ бо сарлавҳаи «Устод Лоҳутӣ: То зиндаам, меҳрубонии тоҷиконро фаромӯш намекунам» мақолаи муаллифии Шоҳзамон Раҳмон ва бахшида ба 80-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Юсуфҷон Акобиров (Вассофи кохи нури Норак) мақолаи илмии Шамсиддини Солеҳро таҳти унвони «Адиби ҷӯянда, пуркор ва заҳматкаш» пешкаши дӯстдорони адабиёти тоҷик кардааст. Дар саҳифаи назми ҳафтанома шеърҳои Муҳаммад Ғоиб («Шеъри зиндагӣ», «Тазод», «Васият»), дар саҳифаи пажӯҳиш мақолаи «Хоқонӣ ва Низомӣ», дар саҳифаи китобиёт навиштаи Аҳмад Ҳоҷизода «Сайдана»-и Берунӣ ва тарҷумаи тоҷикии он» ва дар саҳифаи адабиёти ҷаҳон ҳикояи адиби ӯзбек М.Турсунхоҷаев «Ҳамсояҳои қадрдон» дарҷ гардидаанд.

Нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» мақолаҳои «Ҳалли масъалаҳо аз физика», «ММТ: «Эссе навиштан эҷодкорист», «Омӯзгори муосир чӣ гуна бояд бошад», «Хушмуомилагӣ  фазилатмандист», «Феълҳои ёвар ва навъҳову вазифаи онҳо», «Шаҳбонуи олами илм»-ро пешкаши устодону донишҷӯён ва муаллимону хонандагон намудааст.

Нашрияи «ИмрӯзNews» (24-25 октябр, шумораи 169-170) таҳти сарлавҳаи «Шиагароӣ: идеология ва амалияи он» мақолаи номзади илмҳои фалсафа Қамар Нурулҳақовро чоп кардааст. Муаллиф дар оғози мақола зикр кардааст, ки: «Дар баланд рафтани нақши «омили исломӣ» ва хусусияти глобалӣ касб кардани раванди сиёсисозии ислом дар охири садаи ХХ ва ибтидои садаи ХХI таъсири инқилоби исломии Эрон хеле калон аст. Инқилоби мазкур дар Эрони муосир ҳукуматеро ба сари қудрат овард, ки асоси идеологии онро таълимоти фирқаи шиа доир ба имомат ва хилофат ташкил медиҳад». Дар идома бо мулоҳизаҳои илмӣ ва асосу заминаҳои таърихӣ олим Қ.Нурулҳақов алоқаманд будани фаъолияти ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ-ро бо таълимоти «инқилоби исломӣ» нишон додааст: «Вазифаи аввалиндараҷаи «инқилоби сиёсии исломӣ» пурра аз байн бурдани ҳамаи он ҳукуматҳоест, ки на танҳо хусусияти зиддиисломӣ доранд, балки дар айни замон қисман ба талаботи исломи сиёсии шиагароӣ ҷавобгӯ намебошанд. Бахусус ҳамаи он ҳукуматҳое, ки хусусияти дунявӣ доранд, гӯё ҳукумати атеистӣ буда, онҳоро шайтон эҷод кардааст ва онҳо бояд аз байн бурда шаванд. Беҳуда нест, ки сарварони ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳукумати дунявиро бо ҳукумати атеистӣ айният дода, дунявиятро падидаи зиддидинӣ меҳисобиданд ва ҳатто баъди расидан ба оштии миллӣ дар матбуоти худ ҳамеша давлати дунявиро ҳамчун падидаи зиддиисломӣ танқид карда, идеяи ваҳдати дину сиёсатро тарғиб менамуданд ва барои амалишавии созишномаи сулҳ халал ворид мекарданд…» .

 

Октябрь 26, 2017 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд