ДАЛЕРӢ КУН, КИ МАЙДОН АЗ ДАЛЕР АСТ… То оғози Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистонро ду рӯз монд

Октябрь 3, 2017 11:59

ДУШАНБЕ, 03.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи  дзюдои Тоҷикистон 5 октябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба  дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Масъулини  шаҳри Ваҳдат барои дар сатҳи баланд баргузор намудани  панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо варзишгоҳи навбунёди шаҳр ва толорҳои варзишии онро омода намуда,  атрофи варзишгоҳро бо шиору овезаҳои таблиғотӣ оро додаанд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 20 нафар  варзишгарони номдори ҷумҳурӣ қувваозмоӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки дар мусобиқа  варзишгарони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов иштирок намоянд. Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба  дзюдо  иштироки варзишгарон аз  15 кишвари дунё  дар назар дошта шудааст.

Бояд зикр кард, ки Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз соли 2013 инҷониб дар ҷумҳурӣ доир мешавад. Се мусобиқаи аввали он дар шаҳри Душанбе доир гардида буд. Имсол бори дуюм аст, ки дар шаҳри Ваҳдат чунин мусобиқа баргузор мегардад.

Ҷоизаи  Мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»   15 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил намуда, барои  ҷои аввал 7 ҳазор доллар, зинаи дуюм 4   ва барои 2 ҷои сеюм  2 ҳазор доллари ИМА мукофот муайян карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  дзюдо  соли гузашта низ дар шаҳри Ваҳдат доир шуда, Ҷом насиби варзишгари Беларус Станислав Бондаренко шуда буд. Ҷойи дуюмро Гарсия Мендоз, варзишгар аз Куба ва ду ҷойи сеюмро варзишгарони ӯзбекистонӣ  — Муҳсин Исомиддинов ва Абдулло Тангриев соҳиб гаштанд.

Октябрь 3, 2017 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд