Дар Академияи илмҳо аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Октябрь 26, 2017 15:28

ДУШАНБЕ, 26.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз Иҷлосияи овозадору тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ то кунун бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, амнияти энергетикӣ ва бехатарии озуқаворӣ таъмин гашт. Сохтмони азимтарин «НБО Роғун» амалан татбиқ шуда, дар баробари истеҳсол ва истихроҷи неруи барқ Тоҷикистон аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба давлати истеҳсолкунанда мубаддал мешавад. Ин суханонро раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он дар барпо намудани низоми сиёсӣ дар кишвар» иброз намуд.

Дар идомаи суханронӣ Фарҳод Раҳимӣ  илова намуд, ки иҷлосияи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба саҳнаи сиёсат овард ва маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи шуҷоату садоқат ва ҷавонмардии нотакрору дилбохтагии меҳанпарваронааш, ки хоси хилқату табиати ӯст,  барои мардуми Тоҷикистон оромиву осудаҳолиро таъмин намуд.

Академик Кароматулло Олимов, Раиси ташкилоти ибтидоии «Муаррих»-и ҲХДТ дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, профессор Зикриё Акрамӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ  Руқия Қурбонова, Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Умриниссо Казакова, узви Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода сухан карданд.

Зикр гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фарзанди неруманду шуҷоъ ва фарзонаи миллати тоҷикро ба арсаи сиёсат ворид намуд ва маҳз Эмомалӣ Раҳмон чун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки ба мардуми кишвар сулҳу ҳамдигарфаҳмиро ба армуғон оварад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аҳамияти таърихиро дорост.   Чунки маҳз дар иҷлосияи мазкур барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва таъмини сулҳу субот дар мамлакат заминаи сиёсӣ ба вуқӯъ пайваст ва татбиқи қарорҳои иҷлосия имкон ба вуҷуд овард, то ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷикон амалан роҳандозӣ шавад.

 

Октябрь 26, 2017 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад