Дар деҳаи дурдасти Вранги Ишкошим барои кормандони шуъбаи милитсияи деҳот бинои сеошёна ба истифода шуд
ХОРУҒ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим бинои нави сеошёнаи шуъбаи милитсияи деҳот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ифтитоҳи бинои замонавӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода ва муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мирзоев ширкат варзиданд.
Абдураҳмон Аламшозода зимни ифтитоҳ изҳор дошт, ки сохтмони бино бо ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат соли гузашта оғоз ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ ба истифода дода шуд. Бино барои кормандони шуъбаи милитсияи деҳот пешбинӣ шуда, дорои ҳама гуна шароити техникию маишӣ мебошад.
Ҷараёни сохтмонро Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода таҳти назорат гирифт ва тамоми маҳсулоти зарурии сохтмонӣ аз маркази кишвар ба ин деҳаи дурафтода бе таъхир интиқол меёфт. Бино аз се ошёна иборат буда, дар дохили он утоқҳои барҳавои корӣ, маҷлисгоҳ ва ошхонаву ҳуҷраи истироҳат мавҷуданд. Зимни боздиди бино раиси вилоят ва раҳбарони ниҳодҳои амниятию интизомӣ ба сифати кори бинокорон баҳои баланд дода, ба кормандони шуъбаи милитсияи деҳот барори кор хостанд. Аз онҳо тақозо шуд, ки дар риояи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми софдилонаи худро гузоранд ва дар шарҳу тавзеҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу уҳдадориҳояшон ба сокинони маҳаллӣ кумаки худро расонанд.
Азбаски деҳаи мазкур аз маркази ноҳия ва вилоят хеле дур ҷойгир аст, иддае аз оилаҳои камбизоат дар таҳияи асноду ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо мушкил рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ин рӯ яке аз вазифаҳои кормандони шуъбаи мазкур дастгирӣ намудани ин қишри ҷомеа мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






