Дар доираи Намоишгоҳи «Китоби Душанбе» озмуни «Шоҳномахонӣ» доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар доираи чорабиниҳои Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» озмуни «Шоҳномахонӣ» бо иштироки хонандагони мактабҳои миёна сурат гирифт.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар озмун зиёда аз 20 нафар хонандагони фаъоли мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияи Файзобод, ки ба хондани «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ шавқу ҳавас доранд, маҳорати худро санҷиданд.
Хонандагон асосан порчаҳоро аз достонҳои «Рустам ва Сӯҳроб» ва «Кова ва Заҳҳок» манзури ҳайати ҳакамони озмун ва тамошобинон гардониданд.
Иштирокчиёни фаъоли озмун дар маросими пӯшидашавии Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» қадрдонӣ мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






