Дар Дубай ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи CASA-1000 баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб 1 октябр ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000 бо иштироки вазирони энергетикаи кишварҳои Афғонистон, Қирғизистон, Покистон ва Тоҷикистон, инчунин намояндагони ниҳодҳои молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Аврупо оид ба таҷдид ва рушд, Бонки исломӣ ва USAID баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур ҳайати тоҷикистониро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода роҳбарӣ намуда, намояндагони кишварҳои иштирокчии лоиҳаро барои таъмини ҳарчӣ зудтари оғози татбиқи тиҷоратии Лоиҳаи CASA-1000 даъват кард. Ӯ инчунин иброз дошт, ки зимни вохӯрии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Лоиҳаи CASA-1000, ки моҳи июли соли равон дар Тоҷикистон барпо гардид, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ба хулосае расиданд, ки марҳилаи оғози Лоиҳа ҳарчӣ зудтар сурат гирад.
Дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000 ҳамчунин санади тендер барои оғози сохтмони Лоиҳа дар ҳудуди Афғонистон тасдиқ карда шуд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






