Дар Душанбе масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд
ДУШАНБЕ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки нимаи дуюми моҳи октябр дар Душанбе дар мавзӯи «Ҳифзи сиёсию ҳуқуқии соҳибистиқлолиятии Тоҷикистон» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ –амалӣ баргузор намояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Интизор меравад, ки дар конфронс масъалаҳои марбут ба проблемаҳои амнияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, механизми таъмини ҳифзи сиёсӣ–ҳуқуқии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқии он, бехатарии ҷамъиятӣ, нақши давлат дар таъмини амнияти миллӣ, терроризм, экстремизм ва таъмини бехатарии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои амнияти иқтисодӣ, экологӣ, озуқаворӣ ва иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимон ва коршиносон баррасӣ гарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






