Дар Хатлон чор ҳазор адад фиттаҳои пастсифат мусодира шуданд

Октябрь 9, 2017 11:29

ҚӮРҒОНТЕППА, 09.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар  нуқтаҳои фурӯши маводи аудиовизуалӣ ва бозиҳои компютерии шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Ҷалолиддини Балхӣ ва Бохтар санҷиши якҷояи Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» ва Корхонаи фаръии давлатии кино ва видеои вилояти Хатлон идома дорад. Тавре  ба мухбири  минтақавии  АМИТ  “Ховар”  аз  шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии  мақомоти  иҷроияи  ҳоимияти давлатии  вилояти Хатлон  хабар доданд, мақсад аз баргузории санҷишҳо пешгирии фаъолияти ғайриқонунии соҳибкороне мебошад, ки ба фурӯши маводи аудиовизуалӣ, паҳн намудани фиттаҳои ғайристандартии дорои мазмуни роҳзанӣ, ваҳшоният ва зӯроварӣ машғул мебошанд.

Ба  иттилои  манбаъ, дар нуҳ моҳи соли равон дар ҳамкорӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳру навоҳии вилоят 400 ҳолати  санҷиш гузаронида шуда, зиёда аз 4000 адад фиттаҳои пастсифат мусодира гардиданд.

Октябрь 9, 2017 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад