Дар Хуҷанд «Маркази савдои Ӯзбекистон» ифтитоҳ гардид
ХУҶАНД, 09.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд «Маркази савдои Ӯзбекистон» ифтитоҳ гардид. Дар маросими расмии ифтитоҳи он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, соҳибкорони ҳарду ҷониб ва фаъолони шаҳр ширкат доштанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, зимни ифтитоҳи нахустин маркази савдои ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шимоли мамлакат Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов иброз дошт, ки «амали мазкур маҳз дар доираи ҳидоятҳову саъю талошҳои муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҷиҳати дар сатҳи сифатан нав қарор додани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя рӯи кор омадааст».
Ба иттилои сафир, имрӯз дар раванди ҳамкории ду кишвар давраи нави рушди муносибатҳо фаро расида, аз ҷумла, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷонибдори рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, итминон дорад, ки ин ҳамкорӣ дар оянда такмил ёфта, барои амалишавии лоиҳаҳои нав, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, нақлиёту алоқа ва фарҳанг замина мегузоранд.
«Ифтитоҳи марказ гувоҳи он аст, ки ҷониби Ӯзбекистон мехоҳад дар вилояти Суғд корхонаҳои муштарак, пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзиро рӯи кор орад. Мо имкон дорем, ки тамоми анвои мошинолот ва истеҳсолоти хоҷагии халқро дастрас ва ё дар ин сарзамин тариқи муштарак истеҳсол намоем», — зикр намуд Шоқосим Шоисломов.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иброз намуд, ки иқдоми зерин ба манфиати мардуми ҳарду ҷониб буда, мақомоти шаҳри Хуҷанд омодааст, ки бо назардошти анъанаҳои таърихии дӯстии устувор барои таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва ба хотири ҳамсоягӣ аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода намояд.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар ин маркази нав молҳои саноативу сохтмонӣ, озуқаворию варзишӣ, заргарию нассоҷӣ ва қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ба фурӯш гузошта шудаанд.









Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






