Дар Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ намояндагони 26 кишвари арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок доранд

Октябрь 16, 2017 11:14

ДУШАНБЕ, 16.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ин  лаҳзаҳо дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷараён дорад.

Иҷлосияро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов  ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар ин ҳамоиши сатҳи баланд намояндагони 26 кишвари арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок доранд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, ташрифи меҳмононро ба сарзамини бостонии тоҷикон хайрамакдам гуфта,  ба кори он барор орзу карданд.

Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъсис ёфтани Форумро ба ҳайси воситаи муҳими ҳамкорӣ ва икдоми дорои аҳамияти хосса шуморида, изҳор намуданд, ки ҳамоиши навбатии Форуми навтаъсис  бори нахуст дар Осиёи Марказӣ, ки дар гузашта бо номи Мовароуннаҳр машҳур буд, баргузор мегардад.

Зикр гардид, ки дар ин сарзамини бостонӣ равандҳои муҳиме шакл гирифтаанд, ки онҳо минбаъд ба пешрафти тамаддуни исломӣ ва густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ ва тиҷоратӣ байни минтақаҳои мухталиф мусоид намудаанд.

Бино ба андешаи Пешвои миллат, имрӯз фарҳангу тамаддуни исломиро бидуни зикри номҳои Абуалӣ ибни Сино, Абунасри Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Хоразмӣ ва даҳҳо нафари дигар наметавон тасаввур кард, чунки ин фарзандони фарзонаи Мовароуннаҳр дар пешрафти илми ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд.

Дар робита ба ин Сарвари давлати тоҷикон изҳори боварӣ намуданд, ки кори форум ба эҳёи он пайвандҳо, густариши муносибатҳо ва ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногун мусоидат карда, барои пешрафти минтақаву кишварҳои мо заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи якуми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ 14 майи соли 2014 таҳти шиори «Дурнамои сармоягузорӣ ва табодули тиҷорӣ» дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, дороӣ ва иқтисод баргузор шуда буд. Дар он иҷлосия Эъломияи Риёз ба сифати санади поёнӣ қабул гардида, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расид.

Мувофиқи моддаи якуми Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳадафи Форум густариши муносибатҳо ва таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳои узви Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаҳои гуногуни мавриди эҳтимоми муштарак мебошад, ки ба ҳифзи амнияту суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат мекунад. Тарафҳои Ёддошт ба манзури таъмини амну субот дар минтақаи арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказиву Озарбойҷон масъалаҳои ҷорӣ ва ояндаро аз тариқи ройзанӣ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ ҳал мекунанд. Гузашта аз ин, таъмини рафоҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии халқҳои онҳо аз тариқи густариши тиҷорат, табодули тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак ҳадафи дигари Форум эълон шудааст. Сиёсат, иқтисод, иҷтимоиёту фарҳанг, мувофиқи моддаи дуюми Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ  соҳаҳои ҳамкорӣ эълон шудаанд.

Дар Риёз ҳайати Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки иҷлосияи навбатии Форуми мазкур дар Душанбе баргузор гардад.

Хотиррасон мекунем, ки дирӯз дар остонаи Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Душанбе нишасти коршиносони аршади давлатҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.

Октябрь 16, 2017 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

РОҲИ ПЕШГИРИФТАИ ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ АСТ! Мошинҳои барқӣ аз лиҳози экологӣ тозатарин навъи нақлиёт дар ҷаҳон эътироф шудаанд
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳияи Кӯшониён ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
Дар Панҷакент ниммарафони экологии кӯҳии «Seven Lakes» доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ дар назар аст
Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд