Дар шаҳри Москва ҷаласаи Гурӯҳи тамоси «СҲШ-Афғонистон» доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва 11 октябр ҷаласаи Гурӯҳи тамоси «СҲШ-Афғонистон» дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур муовини Вазири корҳои хориҷӣ Маҳмадшариф Ҳақдод намояндагӣ кард.
Зимни ҷаласа мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои мубориза бо чолишу таҳдидҳо ба амнияти минтақа, мусоидат ба кӯшишҳои Афғонистон барои барқарор намудани сулҳ ва таъмини рушди босуботи иқтисодии кишвар сурат гирифт.
Тарафҳо ҳавасмандиро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни СҲШ ва Афғонистон дар доираи сохтори машваратии мазкур, ки соли 2005 таъсис дода шудааст, зикр намуданд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






