Дар шаҳри Норак оид ба масъулияти волидайн дар таълими фарзандон вохӯриҳои судманд доир гардиданд

Октябрь 25, 2017 15:19

НОРАК, 25.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Норак  бо иштироки  раиси Кумитаи  иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух  Асрорӣ,  муовини аввали раиси  Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рамазон Давлатов, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирзобадал  Каримзода, омӯзгорону хонандагон ва падару модарон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вохӯриҳо баргузор шуданд.  Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Зимни  суҳбату  вохӯриҳо меҳмонон роҷеъ ба нақш ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ба камол расонидани фарзандони солим, ватандӯст, худогоҳу худшинос, соҳибмаърифату донишманд, баору номус, инчунин тағйиру иловаҳои воридгардида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар карда, аҳамияти ин қонунро ба мардум шарҳ доданд.

 

Октябрь 25, 2017 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад