Дар «Старт ап Чойхона» 11 лоиҳаи соҳибкорони ҷавони Хатлон дастгирӣ ёфтанд
ҚӮРҒОНТЕППА, 12.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қурғонтеппа бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони лоиҳа барои ҷавонон таҳти унвони «Старт ап Чойхона» озмун баргузор гардид. Тавре созмондиҳандагони озмун иттилоъ доданд, дар он соҳибкорони ҷавону муваффақ имкон пайдо намуданд, ки суҳбати озод намуда, аз таҷрибаи ҳамдигар огоҳ шаванд.
Даври аввали озмун аз муаррифии лоиҳаҳо иборат буд. Ҳамагӣ 19 нафар ҷавонони вилоят аз шаҳру навоҳӣ имкон пайдо намуданд, ки ба ҳакамон лоиҳаҳои худро муаррифӣ намоянд. Дар даври ниҳоӣ 11 лоиҳа дастгирӣ ёфта, 1 лоиҳа ҳарчанд ягон ҷойро ишғол накард, аммо ба аҳли толор хеле писанд омад.
Иштирокчиёни озмун ба хулосае омаданд, ки дар доираи лоиҳаҳои дастгиришуда барои соҳибкорони ҷавон омӯзишҳо гузаронида шаванд. Ин амал ба рушди соҳа дар байни ҷавонон мусоидат мекунад.
Гулпарӣ Давлатова, танзимгари лоиҳаи «Старт ап Чойхона», ки аз тарафи Барномаи рушди СММ дастгирӣ мешавад, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки баргузории озмуни мазкур аввалин қадам ҷиҳати дастгирии ҷавонон дар рушди соҳибкорӣ буда, дар доираи ин лоиҳаҳо курсҳои бозомӯзӣ низ гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд






