Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оид ба баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ ҳамоиш оғоз гардид

Октябрь 28, 2017 10:03

ДУШАНБЕ, 28.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» дар мавзӯи «Масоили иҷтимоию иқтисодии ташаккули шакли инноватсионии иқтисодиёт ва баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ оғоз шуд.

Тавре аз маркази матбуоти вазорати мазкур  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш олимону коршиносони варзидаи соҳаи иқтисоди ҷумҳурӣ, мутахассисон, намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳо, ки ба омӯзишу таҳқиқ ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират, бозори меҳнат ва шуғл машғул мебошанд, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ иштирок  доранд.

Дар ҳамоиши илмию амалӣ масъалаҳои мубрами иқтисодию иҷтимоии ташаккули шакли инноватсионии иқтисоди ҷумҳурӣ, роҳу усулҳои баланд бардоштани сатҳу сифати сармояи инсонӣ ва дар ин замина муассир гардонидани ширкати омили инсонӣ дар раванди рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва маърифатию фарҳангии ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар робита ба масъалаҳои мазкур, инчунин атрофи масоили муназзам гардонидани муносибатҳои меҳнатӣ байни корфармоёну кормандон,  истифодаи самарабахши ниҳодҳои иҷтимоӣ дар ташкили шуғли арзанда, роҳҳои ташаккул додани шаклҳои гуногуни соҳибкорӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатии дохилӣ ва хориҷӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мавриди баҳсу мунозираҳои ҷиддии илмӣ сурат гирифтанд.

Дар ҳамоиш, ки имрӯз идома меёбад, бо мақсади ҳалли масъалаҳои рушди минбаъдаи иқтисоди инноватсионӣ, беҳсозии сифати сармояи инсонӣ ва таъмини ширкати омили мазкур дар пешрафти иқтисодии ҷумҳурӣ тавсияҳои илман асоснок таҳия ва пешниҳод мегарданд.

 

Октябрь 28, 2017 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст