Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё -2018 роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 17.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мусобиқаи интихобии футзали Осиё дар минтақаи марказӣ ва ҷанубӣ дар гурӯҳи «В» иштирок дорад, ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё -2018 роҳхат гирифт. Футболбозони мо баъди ғалабаи ниҳоят душвор бо натиҷаи 4:3 бар дастаи мунтахаби Афғонистон ба ин комёбӣ мушарраф шуданд.
Ҳисоб дар дақиқаи 3-юми вохӯрӣ кушода шуд. Зарбаи сахти Файзалӣ Сардоровро муҳофизатгари афғонҳо Акбар Козимӣ нодуруст баргардонд ва тӯб вориди дарвоза гардид. Дар дақиқаи 9-ум футболбозони афғон ҳисобро баробар карданд. Дар навбати худ Шавкат Ҳалимов боз як ҳуҷуми барқвори футзалистони тоҷикро бобарор анҷом дод ва дар намолавҳаи варзишгоҳ ҳисоби 2:1 фурӯзон гардид. Дар дақиқаи 14-ум Муҳсин Ризоӣ аз нав ба бозӣ тавозуни баробарӣ гузошт ва дастаҳо ба танаффус рафтанд.
Дар нимаи дуюми вохӯрӣ баъди он ки капитани дастаи мунтахаби Афғонистон Маҳдӣ Ҳошимӣ дар муқобили ҳамлагари мо Файзалӣ Сардоров дағалона бозӣ кард, довари хитоӣ Лиу Ҷианқиао бо корти дуюми зард ӯро аз майдон ронд, вале бозингарони мо ин ду дақиқаро боманфиат истифода набурданд. Дар дақиқаи 39-ум ва 40-ум ба Дилшод Саломов ва Некрӯз Алимаҳмадов муяссар гардид, ки ҳисобро 4:2 намоянд. Голи дар лаҳзаҳои охири бозӣ задаи Алӣ Ҷаъфарӣ танҳо натиҷаро дигар кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон новобаста ба натиҷаи бозии охирини гурӯҳ бо чемпиони Осиё- дастаи мунтахаби Эрон, ки имрӯз баргузор мегардад, ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал, ки соли оянда дар Тайбейи Хитой баргузор мегардад, роҳхат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Эрон дар бозии ифтитоҳии гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби Афғонистонро бо ҳисоби 8:2 шикаст дода, ҳуқуқи иштирок дар бозиҳои финалиро ба даст оварда буд.
Дар гурӯҳи «А»-и бозиҳои минтақаи марказӣ ва ҷанубӣ дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ ба бозиҳои финалӣ роҳхат гирифтанд.
Чемпионати Осиё-2018 оид ба футзал
Марҳилаи интихобӣ. Минтақаи марказӣ ва ҷанубӣ
Гурӯҳи «В». Даври 1-ум
Афғонистон – Эрон – 2:8
Даври 2-юм
ТОҶИКИСТОН – Афғонистон 4:3
17 октябр: Эрон – Тоҷикистон
ГУРӮҲИ B
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И |
| ЭРОН | 1 | 1 | 0 | 0 | 8-2 | 3 |
| ТОҶИКИСТОН | 1 | 1 | 0 | 0 | 4-3 | 3 |
| АФҒОНИСТОН | 2 | 0 | 0 | 2 | 5-12 | 0 |
Гурӯҳи «А». Даври 1-ум
Ӯзбекистон – Непал 14:1
Қирғизистон – Туркманистон 5:3
Даври 2
Туркманистон – Ӯзбекистон 2:4
Непал – Қирғизистон 0:5
17 октябр: Ӯзбекистон- Қирғизистон
Туркманистон – Непал
Гурӯҳи A
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И |
| Ӯзбекистон | 2 | 2 | 0 | 0 | 18-3 | 6 |
| Қирғизистон | 2 | 2 | 0 | 0 | 10-3 | 6 |
| Туркманистон | 2 | 0 | 0 | 2 | 5-9 | 0 |
| Непал | 2 | 0 | 0 | 2 | 1-19 | 0 |








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






