Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 13.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба ифтихори Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр таҷлил мегардад, Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара -2017» ба кор оғоз намуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ин ҳамоиш иттилоъ дод, ҳадафи Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017» муаррифии иқтидор ва имконоти инвеститсионии вилояти Хатлон, бахусус Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба доираҳои соҳибкорону тоҷирони хориҷӣ ва ширкатҳои пуриқтидор мебошад.
Дар Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017» намояндагони сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, олимон ва 250 нафар намояндагони доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ аз кишварҳои хориҷии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Афғонистон, Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон иштирок доранд.
Аз ҷараёни баргузории ин форум маълумоти муфассал пешниҳод хоҳад шуд.











Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






