ФУТБОЛ: «Барқчӣ» бар дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ғолиб омад

Октябрь 13, 2017 14:47

ДУШАНБЕ, 13.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии мавқуфмондаи даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи  «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бар дастаи футболи  «Вахш»-и Қӯрғонтеппа  бо ҳисоби 1:0 ғолиб  омад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ягона голи  ин вохӯриро дар дақиқаи 57-ум бозингари  ботаҷрибаи дастаи футболи  «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор Далер Ёдгоров ба  ҳадаф расонид.

Хотиррасон менамоем, ки  дастаи футболи  «Барқчӣ» пас  аз ин пирӯзӣ дорои 3 имтиёзи дигар шуда, феълан дар зинаи 5-уми ҷадвали умумии нишондодҳо қарор гирифт.

 

 

 

Октябрь 13, 2017 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад