ФУТБОЛ: дастаи «Хуҷанд» ба финали мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ба финали мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт. Дар даври нимфиналӣ ин даста дар бозиҳои рафту баргашт бар дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо натиҷаи умумии 4:2 дастболо гардид. Бозии аввал миёни ин дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба нафъи дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд хотима ёфта буд.
Хотиррасон менамоем, ки бозии ҷавобӣ 4 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шогирдони Мубин Эргашев дар ин дидор бар муқобили дастаи «Хуҷанд» рақобати шадид нишон дода, натиҷаи умумии ду бозиро 2:2 намуданд. Голҳоро Шериддин Бобоев ва Ваҳдат Ҳанонов ба ҳадаф расониданд. Тақдири бозӣ дар дақиқаҳои иловагии пас аз бозӣ ҳал гардид. Шогирдони Рустам Хоҷаев ба бозӣ баргашта, фишорро бар бозингарони ҷавони дастаи «Барқчӣ» афзоиш доданд ва ҳисоби бозии ҷавобиро баробар намуданд. Дилшод Бозоров ва Шоҳрух Раҷаматов, ки аз ҳайати бозингарони захиравӣ ба майдон омаданд, ҳисоби бозиро 2:2 намуданд.
Ҳамин тариқ, дастаи футболи «Хуҷанд» дар бозиҳои рафту баргашт бо натиҷаи умумии 4:2 ғолиб омада, ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад. Ин даста дар финал бо ғолиби ҷуфти дастаҳои КМВА «Помир» ва «Истиқлол» бозӣ хоҳад кард.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






