ФУТБОЛ: дастаи «Хуҷанд» ба финали мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт

Октябрь 5, 2017 10:12

ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  ба финали мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт. Дар даври нимфиналӣ ин даста дар бозиҳои рафту баргашт бар дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо натиҷаи умумии 4:2 дастболо гардид. Бозии аввал миёни ин дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба нафъи дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд  хотима ёфта буд.

Хотиррасон менамоем, ки бозии ҷавобӣ 4  октябр  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид.     Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шогирдони Мубин Эргашев дар ин дидор бар муқобили дастаи «Хуҷанд» рақобати шадид нишон дода, натиҷаи умумии ду бозиро 2:2 намуданд. Голҳоро Шериддин Бобоев ва Ваҳдат Ҳанонов ба ҳадаф расониданд. Тақдири бозӣ дар дақиқаҳои иловагии пас аз бозӣ ҳал гардид. Шогирдони Рустам Хоҷаев ба бозӣ баргашта, фишорро бар бозингарони ҷавони дастаи «Барқчӣ» афзоиш доданд ва ҳисоби бозии ҷавобиро баробар намуданд. Дилшод Бозоров ва Шоҳрух Раҷаматов, ки аз ҳайати бозингарони захиравӣ ба майдон омаданд, ҳисоби бозиро 2:2 намуданд.

Ҳамин тариқ,  дастаи  футболи «Хуҷанд» дар бозиҳои рафту баргашт бо натиҷаи умумии 4:2 ғолиб омада, ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад. Ин даста дар финал бо ғолиби ҷуфти дастаҳои КМВА «Помир» ва «Истиқлол» бозӣ хоҳад кард.

 

Октябрь 5, 2017 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд