ФУТБОЛ: ҷоизадорони Лигаи олӣ муайян шуданд

Октябрь 24, 2017 09:52

ДУШАНБЕ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Пас аз натиҷагирии се бозии даври 21-уми   Чемпионати Тоҷикистон   миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки ба поён расид,  дастаҳои гирандаи медалҳои нуқраву биринҷӣ  маълум шуданд.         Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дастаи  футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки бозиро дар майдони худ бо  дастаи  «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, бо 37 хол дар ҷадвали мусобиқот мақоми дуюмро касб кард. Футболбозони  дастаи  «Хуҷанд» таҳти раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринашон бо медалҳои нуқра мукофотонида мешаванд.

Дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе низ рақобаташро дар майдони худ бо дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Бояд зикр кард, ки  дастаи футболи  КМВА «Помир»-и Душанбе  баъди ин мусовӣ 34 имтиёз гирифта, сазовори нишони биринҷии Лигаи олии мамлакат гардид.

Дастаи  футболи  «Истиқлол»-и Душанбе, ки  пешакӣ унвони Чемпиони Тоҷикистонро соҳиб шудааст, шашумин бор аст бо медалҳои тилло мукофотонида мешавад.

 

Октябрь 24, 2017 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод