ФУТБОЛ: ҷоизадорони Лигаи олӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз натиҷагирии се бозии даври 21-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки ба поён расид, дастаҳои гирандаи медалҳои нуқраву биринҷӣ маълум шуданд. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки бозиро дар майдони худ бо дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, бо 37 хол дар ҷадвали мусобиқот мақоми дуюмро касб кард. Футболбозони дастаи «Хуҷанд» таҳти раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринашон бо медалҳои нуқра мукофотонида мешаванд.
Дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе низ рақобаташро дар майдони худ бо дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.
Бояд зикр кард, ки дастаи футболи КМВА «Помир»-и Душанбе баъди ин мусовӣ 34 имтиёз гирифта, сазовори нишони биринҷии Лигаи олии мамлакат гардид.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки пешакӣ унвони Чемпиони Тоҷикистонро соҳиб шудааст, шашумин бор аст бо медалҳои тилло мукофотонида мешавад.








Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд






