ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Дар Душанбе маросимҳои тантанавии гусели навҷавонон ба хизмати ҳарбӣ доир гардиданд

Октябрь 3, 2017 15:01

ДУШАНБЕ, 03.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои  Қарори Раиси шаҳри Душанбе   аз 15 сентябри 2017  «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 ба хизмати ҳарбӣ» дар  пойтахт даъвати  тирамоҳии  ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ  оғоз гардид.

Ба ин муносибат дар чор ноҳияи пойтахт — Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ  маросимҳои тантанавии гусели навҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардиданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  барномаҳои фарҳангию ташвиқотӣ  бо ташаббуси комиссариатҳои ҳарбӣ ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт доир гардиданд. Ба барномаҳои фарҳангии мазкур   ҷавононе, ки  бо ҳоҳиши худ барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ  ба комиссариатҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе  ҳозир шудаанд,  ҳамчун меҳмонони фахрӣ ҳамроҳ бо волидайнашон даъват гардиданд. Шумораи ин ҷавонони шуҷоъ  аз ҳар ноҳияи пойтахт аз  50 то 60 нафарро  ташкил медод.

призывДар ҷамъомадҳо  ҳамчунин  собиқадорони меҳнат,  кормандони соҳаи ҳарбии кишвар, комиссарони ҳарбӣ ва падару модарони даъватшудагон иштирок намуда, ба наваскарон  барои азми хизмати ихтиёрӣ ба Ватан  таҳсину офарин хонда, зикр карданд, ки ин иқдоми онҳоро  метавон қадами  аввалини ҷасурона дар роҳи ҳифзи  марзу буми  меҳан  номид.

Даъватшудагон  омодагии ҳамешагиашонро баҳри ҳифзи хоки  муқаддаси Тоҷикистон изҳор намуда, зикр карданд, ки лозим ояд баҳри  ҳимояи Модар – Ватан  ҷони худро дареғ намедоранд.

Ба маросимҳои  тантанавӣ  суруду таронаҳои ватанпарваронаи  санъаткарон  ва намоиши машқҳои  зебои  ҳарбӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ   шукӯҳи тоза бахшиданд.

Октябрь 3, 2017 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад