«Ҳимояи Ватан — рисолати мост!»-маъракаи гусели наваскарон дар шаҳри Панҷакент

Октябрь 4, 2017 16:02

ПАНҶАКЕНТ, 04.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Панҷакент бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» иқдоми «Ҳимояи Ватан- рисолати мост!» амалӣ гардида, маросими  сафарбарнамоии аввалини наваскарон доир шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент Некрӯзи Муҳаммадсодиқ хабар дод.

Ба иттилои номбурда, маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар он  раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонону наврасон ва падарону модарон иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш Ислом Зиёзода иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи ҳар як ҷавонмарди тоҷик мебошад. Мавсуф аз наваскарон даъват намуд, ки зимни хизмат ҳар порча замини Тоҷикистонро ҳимоя намуда, ба назди волидонашон бо сари баланд баргарданд.

Волидайни наваскарон барои хизмати шоиста кардан ба Ватан ба фарзандонашон роҳи сафед хостанд. Дар охир  ба сарбозон ва волидайни онҳо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Маросими сафарбарнамоӣ бо намоиши барномаи фарҳангӣ  баҳри сарбозону наваскарон хотима ёфт.

гусели наваскарон дар шаҳри Панчакентгусели наваскарон дар шаҳри Панчакент2 гусели наваскарон дар шаҳри Панчакент5

 

 

 

Октябрь 4, 2017 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад