Имрӯз Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад

Октябрь 5, 2017 10:54

ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 октябр бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазни 90 кг оғоз мешавад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассиси пешбари тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Сӯҳроби Акбаршоҳ хабар дод, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо пуршукӯҳтарин мусобиқа дар соли равон ба ҳисоб рафта, имрӯз соати 15:00 оғоз меёбад.

Маросими расмии ифтитоҳи он барои ҷойҳои ифтихорӣ соати 18:00 муайян карда шудааст.

Ба иттилои номбурда, дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз 15 кишвари дунё, ба монанди Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Эрон, Россия, Германия, Непал, Япония, Беларус, Украина, Голландия, Америка ва Куба иштирок намуда, дар вазни 90 кг қувваозмоӣ менамоянд.

Ҳамчунин дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар варзишгарони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Саидҷалол Саидов, Фирдавс Насимов, Акмалиддин Муродов ва Ғазалшоҳи Давлатшоҳ иштирок ва қувваозмоӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ бори панҷум аст Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Ба иттилои масъулин, барои ғолиби ҷои якум 7 ҳазор доллар, ҷои дуюм 4 ҳазор доллар ва 2 ҷои сеюм 2 ҳазор доллари ИМА мукофот муайян карда шудааст.

Октябрь 5, 2017 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд