ИМРӮЗ – РӮЗИ ТАВЛИДИ ФУТБОЛ! Оммавитарин навъи варзиш дар Тоҷикистон торафт бештар рушд меёбад
ДУШАНБЕ, 26.10.2017./АМИТ «Ховар»/. 26 октябр – Рӯзи тавлиди футбол аст. Маҳз дар ҳамин рӯз дар соли 1863 бо таъсиси нахустин дар ҷаҳон Ассосиатсияи футбол дар Лондон футбол ҳамчун навъи алоҳидаи варзиш ба вуҷуд омадааст. Баъдтар он дар тамоми дунё паҳн шуд, ҳаводорони зиёд пайдо накмуд ва имрӯз аз оммавитарин навъи варзиш дар дунё маҳсуб меёбад.
Имрӯз ба «варзиши рақами 1» дар Тоҷикистон низ аҳамияти хоса дода мешавад. Бо мақсади торафт рушд бахшидани ин навъи варзиш аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаҳои давлатии рушди футбол, яке барои солҳои 2012-2016 ва дигаре барои солҳои 2017-2021 қабул гардиданд. Моҳи декабри соли 2012 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор Академияи футболи клуби «Истиқлол»-и Душанберо ифтитоҳ намуданд. Ҳадаф аз таъсиси ин Академия – тарбияи футболбозони ҷавон дар сатҳи баланд аст, тарбияи онҳое, ки ояндаи футболи тоҷик аз онҳо вобаста хоҳад буд.
Футбол яке аз намудҳои дӯстдоштатарини варзиш дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади иҷрои босамари Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 миёни аҳолӣ бахусус наврасону ҷавонон чорабиниҳои таъсирбахшро бо мақсади тарғибу ташвиқи ин намуди варзиш дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ба роҳ монда, шароити муносибро ҷиҳати ҷалби аҳолӣ ба футбол, мутобиқгардонии инфрасохтори соҳаи футбол ба талаботҳои ҷаҳонӣ, таъмиру азнавсозии иншоотҳои марбут ба футбол, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани замина барои рушди футболи касбӣ дар кишварро ба миён меорад.
Дар доираи барномаи нав муҳайё сохтани шароит барои машғул шудан ба футбол, ба талаботҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншоотҳои марбути соҳа, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани замина барои рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии фаъолияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш дар назар мебошад.
Барномаи мазкур метавонад барои баргузории мусобиқаҳои кушоди ҷумҳуриявӣ байни наврасону ҷавонон, лигаи футболи кӯдакон ва таъсиси лигаи футболи донишҷӯён ҳамчун як муҳаррики пешбаранда хизмат намояд. Барнома дар навбати дигар бо назардошти таҷрибаҳои андӯхта ба таҷҳизонидани маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон бо маводи лозима, таъмиру барқарорсозии майдонҳои футбол, таъсиси маркази тиббии варзишии муосир, сохтани толорҳои футзал дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа ва Кӯлоб, ташкили курсҳои бозомӯзии мураббиён дар ҷумҳурӣ ва хориҷӣ кишвар, таъсиси маркази ягонаи махзани маълумот оид ба дастаҳои футболи ҷумҳурӣ, таъсиси хазинаи рушди футбол, таъсиси синфҳои махсуси футбол дар муассисаҳои варзишии шаҳру ноҳияҳо, таъсиси марказҳои футболи минтақавӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қуғонтеппа, Турсунзода ва Хуҷанд, рушди футбол дар ВМКБ нақши калидӣ бозад.
P.S. АМИТ «Ховар» ҳамаи онҳоеро, ки дар Тоҷикистон бо футбол сарукор доранд, бо Рӯзи тавлиди футбол табрик мегӯяд!









Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






