Интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе муваққатан қатъ мегардад

Октябрь 10, 2017 16:47

ДУШАНБЕ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикӣ  дар истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ»  ҷиҳати пешбурди корҳои  омодагӣ  ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 интиқоли оби нӯшокӣ дар  қисмате  аз маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе  қатъ мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дасгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   бо ҳамин сабаб  дар хиёбонҳои Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ),  Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С. Носир, Шотемур, Ф. Ниёзӣ, А. Командир, М. Холов, Л. Шералӣ, Ғ. Абдулло, Азизбеков, Ф. Шаҳобов, Л. Толстой, М. Миршакар, Пушкин ва Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва   маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарони ноҳияи Сино  интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23:00 рӯзи 11 октябри соли 2017 то соати 24:00 рӯзи 12 октябри соли 2017  қатъ мегардад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  аз сокинони ноҳияҳои мазкур хоҳиш менамояд, ки миқдори зарурии  оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

 

 

Октябрь 10, 2017 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад