Истифодаи оқилонаи об — кафолати таъмини рушди устувор

Октябрь 20, 2017 16:25

ДУШАНБЕ, 20.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Баъди аз ҷониби Маҷмаи  умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  доир ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»,  солҳои 2018-2028,  бори дигар  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари   ташаббускор ва пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об  эътироф гардид». Ин нукта зимни конфронси   илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Истифодабарии оқилонаи   об — кафолати  таъмини рушди устувор», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир гардид, баён шуд.

Дар конфронс  Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобишоҳ Холзода, сардори Раёсати кишоварзӣ ва  ҳифзи муҳити зисти  Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Парлумон ва дигар кормандони масъули вазорату идораҳои марбутаи кишвар доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди истифодаи оқилонаи об, инчунин қабули Қатъномаи СММ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028  маърӯза карданд.

Зикр шуд, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти  ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, хусусан масъалаҳои марбут ба об  тадбиру иқдомҳои наҷиб андешидааст. Қабули Қатънома аз ҷониби созмони бонуфузи ҷаҳонӣ — СММ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилали амал «Об барои рушди  устувор» барои солҳои 2018-2028 идомаи  иқдомҳои наҷибонаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаи глобалии ҷаҳон-  таъмини  аҳолии сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ мебошад. Ин аст, ки ташаббус ва пешниҳодҳои   Пешвои миллати Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ  аз ҷониби намояндагони кишварҳои ҷаҳон  якдилона  истиқбол гардида, моҳи декабри соли 2016 СММ Қатъномаро доир ба эълон намудани солҳои 2018-2028 дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор қабул кард. Қабули ин санади муҳим аз сӯи СММ бо ҷонибдории қариб 200 кишвари  ҷаҳон  бори дигар   ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайгиронаи  Роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаи истифодаи оқилона ва самараноки об, ки сарчашмаи ҳастии тамоми мавҷудоти дунёст, собит сохт.

Дар конфронс  таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои  обӣ  дар ҷаҳон дар зинаи ҳафтум қарор дошта, дар минтақа яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Зикр шуд, ки бо вуҷуди дорои захираҳои бои обӣ будани ҷумҳурӣ, то ҳол дар кишварамон мушкилоти дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ҷой дорад. Барои ҳалли ин Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд  барномаҳои беҳтар намудани  таъмини  аҳолии кишварро бо оби тозаи ошомиданӣ таҳия ва дар амал татбиқ менамояд, ки он қадами устуворест дар самти таъмини аҳолии  кишвар бо оби тозаи ошомиданӣ.

Иштирокдорони конфронс ҳамзамон масъалаҳои марбут ба вазифаҳои  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Даҳсолаи   байналмилалии «Об барои рушди устувор», 2018-2028, таъсири барқарорсозии  шабакаи обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо ба ҳолати мелиоративии замин дар вилояти Хатлон,  дурнамои рушди обёрии  бахши кишоварзӣ, омӯзиши  обҳои зеризаминӣ бо мақсади  ҳифз аз ифлосшавӣ, ҳифзи  санитарӣ –экологии шабакаҳои обрасон ва канализатсионӣ, инчунин  истифодаи сарфакоронаи захираҳои обии кишварро баррасӣ намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.

 

 

Октябрь 20, 2017 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд