Кормандони шуъбачаи минтақавии деҳаи Аличури ноҳияи Мурғоб соҳиби бинои дуошёна гардиданд

Октябрь 16, 2017 09:08

ХОРУҒ, 16.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар деҳаи дурдасти Аличури ноҳияи Мурғоб шуъбачаи милитсияи деҳот таъсис ва барои кормандони он бинои дуошёна ба истифода дода шуд. Бино бо тарҳи муосир бунёд шуда, тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ ва бухориҳои гармидиҳӣ таъмин мебошанд.

Азбаски сардии ҳаво дар фасли сармо дар ин минтақа баъзан ба 40 дараҷа  мерасад, аз ин рӯ дар паҳлуи бинои асосӣ анборхона бунёд карда, дар он ҷо  маводи сӯзишворӣ, аз қабили ҳезуму ангиштсанг низ захира намудаанд. Дар сурати қатъ шудани неруи барқ кормандон метавонанд  бо истифода аз ҳезуму ангиштсанг ҳуҷраҳои кориро гарм кунанд.

Дар ифтитоҳи бино муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Тоҷиддин Назаршоев, раиси ноҳияи Мурғоб Мурзобой Ҷоошбоев, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят Абдулваҳоб Искандарзода ширкат доштанд.  Муовини аввали Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ зимни табрики ҳайати шахсии шуъбача ва сокинон изҳор дошт, ки ин ҳама созандагию ободонӣ танҳо ба хотири таҳкими волоияти қонун, оромию осудагии сокинони кишвар роҳандозӣ мегардад. Мавсуф аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кард, ки бо сокинони маҳаллӣ робитаи қавӣ дошта бошанд, зеро бидуни ҳамкорӣ бо мардум ҷорӣ намудани тартиботи намунавии ҷамъиятӣ ғайриимкон мебошад.

Абдураҳмон Аламшозода бори дигар сокинон ва ҳайати шахсии милитсияи деҳотро бо мафҳуму моҳияти тағйиру иловаҳои ба Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида шинос намуда, сокинони ноҳияро  даъват намуд, ки  дар роҳи татбиқи бандҳои ин қонун бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд.

 

 

Октябрь 16, 2017 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст