Меҳргон — иди ҳосил, фаровонию нишот ва ваҳдат

Октябрь 16, 2017 09:34

ДУШАНБЕ, 16.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Меҳргон ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рўзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва таҷлили пуршукўҳи он башорат аз рӯзгори босаодат аст. Ба ин муносибат дирӯз дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон — иди ҳосил, фаровонӣ ва ваҳдат  бо шукӯҳу шаҳомати хосса  таҷлил гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими идона намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар сохторҳо иштирок намуданд.

Дар ҷашни Меҳргон намояндагони тамоми шаҳру навоҳии мамлакат дастранҷи худро ба маъраз гузошта буданд. Аз ҷумла, анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, нону кулчаҳои миллии мардумӣ, шириниҳои гуногун дар рӯйи дастурхон барои меҳмонон пешниҳод гардиданд, ки ҳар кадом аз хони бою таърихи куҳан доштани тоҷикон ҳикоят мекарданд. Дар даромадгоҳи боғ аз ҷониби ҳоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсулоти кишоварзӣ бо маҳорати хеле олӣ ороиш ёфта буд, ки ба базмгоҳ зебоии дигаре зам менамуд.

Тавре зимни суҳбат корманди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов иброз дошт, истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон марҳилаи тозае гардид. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо,  «Меҳргон иди ҳосилот, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин парваридаи деҳқон, фарорасии фасли хазонрез, пастравии гармии офтоб,  нумуъи тулӯи табиат, инчунин дӯстиву рафоқат, шодию нишот, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Ин ҳама шукӯҳу ҷалол, ин ҳама ҷашнгирӣ самараи Истиқлолият аст ва моро имрӯз лозим аст, ки ба қадри Истиқлолият- ин неъмати бузургу бебаҳо бирасем».

Дар қисмати шарқии Боғи Ирам барномаи консертии шавқовар манзури сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе гардонида шуд. Дар барнома ҳунармандони Ансамбли фолклории «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷўраев, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов, Ансамбли эстрадии «Ориё» ва Ансамбли «Сомон» ҳунарнамоӣ карданд.

Сокини шаҳри Душанбе Саида Каримова аз баргузории ин гуна ҷашнҳо изҳори хушнудӣ намуда, баён дошт, ки «ба воситаи ин маросими идона, ки дар он анвои мухталифи меваю сабзавот, консерву оби мева ва шириниву хӯрданиҳои мухталиф ба тамошо гузошта шудаанд,  мо тавонистем бо намунаи ҳосили босифати деҳқонони заҳматкаш шинос гардем. Фазои шоду фараҳбахши ин ҷашн дар дили ҳар бинанда як ҳисси пур аз хурсандиву нишотро ба вуҷуд меорад, ки онро имрӯз ман аз чеҳраҳои хандони ҳар як иштирокчӣ метавонам пай барам»,- зикр намуд ӯ.

Бояд гуфт, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосили заҳмати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии он далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.

 

Октябрь 16, 2017 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд