Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исилку валади Аҳмад Изидбеҳ
ДУШАНБЕ, 16.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи Сомон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исилку валади Аҳмад Изидбеҳро, ки кишварашро дар иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон роҳбарӣ дошт, барои мулоқот ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қитъаи Африкаро самти дорои дурнамои нек барои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун арзёбӣ карданд ва омодагии Тоҷикистонро барои рушду тавсеаи робитаҳои дуҷониба бо кишварҳои он, бахусус бо Ҷумҳурии Исломии Мавритания изҳор доштанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дипломатии байни кишварҳо ва тарҳрезӣ намудани рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро баррасӣ карданд.
Зимни муҳокимаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои махсуси он ҷонибдории иқдомҳои ҳамдигар, ки барои таъмини рушди устувори минтақаҳо ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза равона шудаанд, махсус таъкид карда шуд. Ҷумҳурии Исломии Мавритания дар қатори дигар кишварҳо ташаббуси ҷониби Тоҷикистонро дар хусуси қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” фаъолона пуштибонӣ намудааст.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзӯъҳои муҳими барои рушду густариши муносибатҳои дуҷонибаи судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






