Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ

Октябрь 16, 2017 15:59

ДУШАНБЕ, 16.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ, ки дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид, маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳо ва ҳамкорӣ миёни ду кишвари бародари Тоҷикистону Қатар, ки дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан судманд густариш меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот иштироки сармояи Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқро аз самтҳои судовари ҳамкорӣ маънидод карданд.

Баҳри расидан ба ҳадафҳои аз ин ҳам манфиатовар ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурду миёна таъсис додани Фонди рушди қатарӣ дар Тоҷикистон ва ташкили ширкати муштараки машваратии инвеститсионӣ зарур шумурда шуд.

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бахшҳои хусусии ду кишвар дар соҳаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ, роҳандозии хатсайри ҳавоии мустақим байни Душанбеву Давҳа ва рушди соҳаи туризм аз самтҳои дигару муҳими ҳамкории оянда маънидод карда шуд.

Мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ

Октябрь 16, 2017 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79-солагии Ғалаба иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба иштирок намуданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд