Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати Арабистони Саудӣ
ДУШАНБЕ, 10.10.2017./АМИТ «Ховар»/. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ Муҳаммад Алмуъҷил, роҳбари ширкати «Алмуъҷил Лилмашориъ» ва Муовини роҳбари бахши сайёҳии Палатаи савдои шаҳри Риёзро дар бинои сафорат ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба тавсиаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд.
Муҳаммад Алмуъҷил аз таассуроти зебои сафари корӣ ва иштирокаш дар барномаи сайёҳии созмондодаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии «Сомон-эйр», меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-и Душанбе ва ширкати «Скай-тур», ки аз 23-юм то 30-юми сентябри соли 2017 дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, ҳикоят намуда, таъкид дошт, ки «барои ҷалби сайёҳони араб ба Тоҷикистони басо зебою дилкаш ҷаҳду талош хоҳад кард».
Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ ривоҷ ёфта, ба густариши робитаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ заминаи боэътимод муҳайё месозад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






