Намояндагони идораҳои роҳи оҳани ИДМ дар Душанбе масъалаҳои марбут ба сиёсати тарифии боркашониро матраҳ менамоянд

Октябрь 24, 2017 16:52

ДУШАНБЕ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи ХХVI оид ба сиёсати тарифии маъмурияти роҳи оҳани кишварҳои аъзои Созишномаи тарифии роҳи оҳани давлатҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Балтика ва Гурҷистон  ба кор оғоз кард.

Усмон Қаландаров, муовини  сардори Корхонаи воҳиди давлатии  «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «дар конфронс  намояндагону масъулини роҳи оҳани  кишварҳои ИДМ, Балтика ва Гурҷистон масъалаҳои асосии тарифҳои боркашонӣ тавассути роҳи оҳанро дар ҳудуди кишварҳои ИДМ, Балтика ва Гурҷистон барои соли 2018 баррасӣ намуда, таклифҳои самарабахш пешниҳод мекунанд.

IMG_8728Мавсуф афзуд, ки баргузории конфронси мазкур дар Душанбе ҷиҳати ба танзим даровардани масъалаи марбут ба сиёсати тарифӣ барои боркашонӣ тавассути роҳи оҳани кишварҳои аъзои  Созишномаи тарифӣ хеле муҳим мебошад. Бо дахли  ҳамкории муштарак ва судманди  кишварҳои ИДМ, Балтика ва Гурҷистон дар самти ҳамлу нақли боркашонӣ тавассути роҳи оҳан Усмон Қаландаров афзуд, ки Созишномаи тарифии роҳи оҳани кишварҳои ИДМ, ки  соли 1993  аз ҷониби сарони давлатҳои ИДМ қабул шудааст, яке аз санадҳои муҳим  дар самти ба танзим даровардани сиёсати тарифҳои боркашонӣ  тавассути роҳи оҳан дар  ҳудуди кишварҳои ИДМ маҳсуб меёбад.         Интизор меравад, ки  намояндагону мутахассисони идораҳои роҳи оҳани ИДМ дар давоми се рӯз дар Душанбе  маҷмӯи масъалаҳои марбут ба сиёсати тарифии боркашонӣ  тавассути роҳи оҳан, омилҳои  марбут ба таъсиррасонӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз баланд  гардидани тарифҳои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан ва соири масъалаҳои вобаста ба сиёсати  тарифии роҳи оҳанро дар қаламрави ИДМ баррасӣ кунанд.

Бояд т азаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи яке аз се ҳадафи стратегии худ –раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба  кишвари воҳид тадбирҳои муассир андешида, дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ садҳо километр роҳи оҳан дар дохили кишвар ба истифода дода шуд.

Инчунин Ҳукумати мамлакат барои  рушди соҳаи роҳи оҳан, хусусан бунёди роҳи оҳани дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ  бо кишварҳои ҳамҷавор  ҳамкориро густариш дода, корҳои шоистаро дар ин самт  ба анҷом расонидааст. Ду лоиҳаи  муҳим-  сохтмони роҳи оҳани  Тоҷикистон-Афғонистон- Туркманистон ва бунёди роҳи оҳани  Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон  дар  ҳоли татбиқ қарор доранд, ки ин аз татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ шаҳодат медиҳад.

 Марзия САИДЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2017 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад