Намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон қаноатманд аст

Октябрь 19, 2017 15:24

ДУШАНБЕ, 19.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Прадип Сривастава мулоқоти корӣ доир намуд.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ Ҷамолиддин Нуралиев Прадип Сриваставаро бо вазъи макроиқтисодӣ ва тадбирҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон доир ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд. Ӯ ҳамчунин барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни низоми бонкӣ, аз ҷумла васеъ намудани имкониятҳои сиёсати монетарӣ ва фишангҳои муосир, ки барои гузариши ботадриҷ ба реҷаи муосири пулию қарзӣ – ҳадафгирии таваррум заминаи мусоид фароҳам меоваранд, изҳори андеша намуд. Ҷамолиддин Нуралиев барои расонидани кумаки техникӣ дар ин самтҳо тавассути тренингҳо барои  таҳлилу тадқиқоти минбаъда, инчунин  мубодилаи таҷрибаи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар бонкҳои марказии ҳамкор даъват ба амал овард.

Намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Прадип Сривастава иброз дошт, ки аз ҳамкории дуҷониба ва судманд бо Бонки миллии Тоҷикистон қаноатманд аст ва омодагии ташкилоти худро барои дастгирӣ ва идомаи ҳамкорӣ дар ин самт иброз намуд.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки минбаъд низ ҳамкориро дар бахши беҳбуд бахшидани низоми бонкӣ, татбиқи ислоҳот дар бахшҳои монетарӣ ва фискалӣ идома диҳанд.

 

Октябрь 19, 2017 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад