НБО «Норак» барои кори муътадил ва устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 омода мешавад

Октябрь 10, 2017 15:59

НОРАК, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» ва барои  дар фасли зимистон таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат бо барқи хушсифат корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармуҳандиси НБО-и Норак Рустам Фозилов хабар дод.

Тибқи иттилоъ,  то имрӯз мутахассисон ин корхонаи бузург аз рӯи нақшаи корҳо  ҷиҳати омода намудани неругоҳ барои кори муътадил ва устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 корҳои зерин, аз қабили захира намудани равғанҳои  ТП–30 ва Т–1500, гузаронидани  таъмири ҷории миёна ва асосии гидроагрегатҳои  НБО-и Норак ва таҷҳизоти барқии он, насби трансформатори нави намуди GSU-450000/220/1575,кВ.Т-8, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани  дизел-генераторҳо, таъмири кабели алоқаи  телефонии ТПП-50х2-0,4, баровардани селовардҳо аз канали обгузари ТКБ-500кВ ва пур намудани  ҷойҳои фурӯрафта дар ТКБ-220кВ, тоза намудани деворҳои  муҳофизатӣ дар қитъаи назди бинои  зилзиласанҷӣ ва гузаронидани корҳои таъмирӣ дар дегхонаи барқии бинои неругоҳро иҷро кардаанд.
Неругоҳи барқи обии _НоракРустам Фозилов  зикр намуд, ки «таъмири  ҷорӣ, миёна  ва асосии  гидроагрегатҳо мувофиқи нақша гузаронида шуд ва айни замон дар гидроагрегати  №9  таъмири асосии  дарбанди куравӣ ва ивазнамоии чархи корӣ бо ҷалби мутахассисон ҷараён дорад. Инчунин  бар ивази трансформатори Т-8, ки аз соли 2014  корношоям гашта, дар истифода набуд, трансформатори  намуди нави GSU-450000/220/1575,кВ.Т-8 васл карда шуд ва он 30 августи соли . 2017  ба истифода дода шуд».

Ба андешаи мутахассисони НБО-и Норак,  оби обанбор дар неругоҳ  айни замон дар сатҳи максималӣ қарор дорад.
Дар назар аст, ки Неругоҳи барқи обии «Норак» таҷдид карда шавад.

Ба гуфтаи мутахассисон, моҳҳои наздик пас аз интихоби  пудратчӣ  корҳои таҷдиди  таҷҳизоти  асосӣ ва ёрирасони неругоҳ оғоз мегарданд.
 

Октябрь 10, 2017 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад