ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Октябрь 30, 2017 09:44

ДУШАНБЕ, 30.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 октябр  дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 26-31 дараҷа мерасад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 16-21 дараҷа гарм ва дар шарқи он  3-8 дараҷа сард мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо 15-20 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 21-26 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 1-6 ва рӯзона ба 19-24 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 5 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 4-6  ва рӯзона 27-29 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 30, 2017 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд