Ҷоми КФО-2017: ҳайати доварон аз Қатар бозии дастаҳои «Бенгалуру» ва «Истиқлол» — ро ҳакамӣ мекунад

Октябрь 5, 2017 10:14

ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бозии ниҳоии байниминтақавии Ҷоми КФО-2017  байни дастаҳои футболи  «Бенгалуру»-и  Ҳиндустон ва «Истиқлол»-и   Тоҷикистонро, ки 18 октябр дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон доир мегардад, доварон аз Қатар ҳакамӣ хоҳанд кард.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, довари асосӣ Хамис Муҳаммад Ал-Марри тайин шудааст. Ба ӯ дар ин бозӣ ду ҳамватанаш — Юсуф Ареф Ал-Шамарӣ ва Муҳаммад Ҷабер Дарман кумак мекунанд. Инчунин довари эҳтиётӣ, нозир ва комиссари бозӣ аз Қатар, Урдун ва Гонконг интихоб шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии байниминтақавии Ҷоми КФО-2017  байни дастаҳои футболи «Бенгалуру»-и   Ҳиндустон  ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Кантерава» -и  шаҳри Бангалор 18 октябр соати  18:30 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Хотиррасон менамоем, ки   дастаи  футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввали марҳилаи ниҳоии байниминтақавии Ҷоми  Конфедератсияи футболи Осиё -2017 бар  дастаи  «Бенгалуру»-и Ҳиндустон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада буд. Ин бозӣ   27 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Ҳисор бо ҳузури 11 000 тамошобин  баргузор шуда буд.

Октябрь 5, 2017 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад