ҶОМИ КФО-2017: Бозии финалӣ миёни дастаи «Истиқлол» ва «Эйр Форс» дар Ҳисор доир мешавад
ДУШАНБЕ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бозии финалии Ҷоми КФО-2017 миёни дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ 4 ноябр, соати 18:00, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад. Қабл аз оғози сабқати таърихӣ дар варзишгоҳ бо иштироки сарояндагони эстрадаи тоҷик баҳри болидарӯҳии мухлисон консерт гузаронида мешавад.
Барои бозии финалии Ҷоми КФО-2017 фурӯши чиптаҳо дар хазинаи ду варзишгоҳ- Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин мухлисон метавонанд аз мағозаҳои расмии «Истиқлол» ва «Joma», ки дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ-85 ҷойгир мебошанд, чиптаҳо дастрас намоянд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои бозии финалии Ҷоми КФО-2017 чиптаҳо бо ду нарх ба фурӯш бароварда шудаанд. Қимати чиптаҳо барои сектори 1 ва 2-юми варзишгоҳ 20 сомонӣ буда, барои секторҳои боқимонда ба 10 сомонӣ баробар аст.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






