Соҳибкорони Гулистон барои рушди соҳаҳои мухталифи шаҳр қариб 7 млн сомонӣ масраф карданд
ХУҶАНД, 13.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози соли равон дар шаҳри Гулистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ хатнатӯйи 35 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Илҳом Мадализода, корманди масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ дод.
Ҳамчунин давоми нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони шаҳр барои рушди соҳаҳои мухталифи шаҳр, аз ҷумла сохтмони сехҳои истеҳсолӣ, хонаҳои истиқоматӣ, осоишгоҳ, марказҳои савдову хизматрасонӣ 6,9 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ ҷалб гардид.
Дар ин замина соҳибкорзан Адолат Ҳоҷиева, дорандаи гранти раиси вилояти Суғд дар ҳаҷми панҷ ҳазор сомонӣ, барои рушди ҳунарҳои халқӣ ва ҷалби бештари занону духтарони маҳаллӣ ба шуғли доимӣ дар ҷамоати шаҳраки Сирдарё Маркази ҳунаромӯзии миллӣ ташкил намуд. Ҳоло маркази мазкур дар самти омӯзонидани ҳунари атласу адрасбофӣ фаъолияти пурсамар дорад.
Ҳамзамон аз ҷониби соҳибкорзани дигар Турсуной Зокирова баҳри дастгирии муассисаҳои тандурустии шаҳр ба маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харида шуд.
Дар маҷмӯъ, дар шаҳри Гулистон 829 нафар соҳибкорон фаъолият доранд, ки 222 нафарашон занон мебошанд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






